Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози арманӣ дар марзи Озарбойҷон


Озарбойҷон мегӯяд, нерӯҳои он се сарбози арманиро дар як даргирӣ дар наздикии Қарабоғи кӯҳӣ ба ҳалокат расондаанд. Намояндаи Вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфт, сарбози арман ба як посгоҳи Озарбойҷон ҳамла карда ва кушта шудаанд. Мақомоти Арманистон ҳанӯз ба ин хабар вокунише накардаанд. Қарабоғи кӯҳӣ дар поёни солҳои 80-уми садаи гузашта аз Озарбойҷон ҷудо ва сабабгори ҷанге шуд, ки ҷони наздик ба 30 ҳазор нафарро гирифт. Ду тараф оташбас эълон кардаанд, вале даргириҳои пароканда пайваста ба вуқӯъ мепайвандад.
XS
SM
MD
LG