Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 миллиард евро кӯмаки давлат ба иқтисоди Олмон


Кобинаи вазирони Олмон имрӯз барномаи 50-миллионевроии зидди бӯҳронро тасвиб кард. Ин барнома як силсила сармоягузориҳои давлат ба зербинои иқтисодӣ, сабукиҳои молиётӣ ва имтиёзоти тиббиву кӯмак ба хонаводаҳои серофарзандро дар бар гирифта, бар иловаи барномаи қаблии 23-миллиардевроист, ки кобинаи эътилофии садри аъзами Олмон Ангела Меркел қаблан тасвиб карда буд. Барномаи нави кӯмак ба иқтисоди Олмон танҳо баъд аз тасвиб шуданаш дар ҳарду маҷлиси парлумон дар маърази иҷро қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG