Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хостори ҳамкории Эрон дар Афғонистон аст


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер низ гуфтааст, ба хотири ояндаи вазъи Афғонистон НАТО бояд бо ҳамсоягони он, аз ҷумла Эрон вориди ҳамкориҳо шавад. Вай пуштибонии минтақаиро аз Афғонистон дар ростои густариши ҷанг дар ин кишвар муҳим номид. Схеффер гуфт, ҳалли масъалаҳои Афғонистон муносибати густардатар ва воқеъитарро талаб мекунад. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ба Афғонистон 30 ҳазор сарбози тозанафас ворид намояд.
XS
SM
MD
LG