Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути охирин пойгоҳи "Бабрҳои тамил"


Ҳарбиёни Шри Лонко мегӯянд, онҳо охирин пойгоҳи ҷудоихоҳони тамилро ишғол кардаанд. Манзур шаҳраки Миллайтиву дар шимолушарқи ҷазира аст, ки то ҳол зери назорати ҷумбиши "Бабрҳои тамил" буд. Сокинони Шри Лонко дар манотиқи гуногун аз ин хабар истиқбол карданд ва онро ҷашн гирифтанд. Ҳанӯз аз тарафи "Бабрҳои тамил", ки 25 сол боз барои истиқлолияти ватани худ мубориза мекарданд, шарҳе дар ин мавзӯъ нарасидааст. Моҳҳои охир ҳамлаи ҳукумат ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ бефосила идома дошт.
XS
SM
MD
LG