Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Сингҳ баъди ҷарроҳӣ мӯътадил ва хуб аст


Нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ рӯзи шанбе дар як касалхонаи Деҳлии Нав амалиёти ҷарроҳии қалбиро аз сар гузаронд. Тибқи баъзе манбаъҳои тиббӣ, сиҳҳатии Сингҳи 76-сола мӯътадил ва хуб арзёбӣ мешавад. Ӯ бояд таи 48 соати дигар зери назорати бевоситаи табибон қарор гирад. Қабл аз ҷарроҳӣ табибон гуфтанд, ки интизор доранд дар як моҳи дигар нахуствазир сари кор баргардад.
XS
SM
MD
LG