Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА аз кӯмаки Русия дар Афғонистон


Иёлоти Муттаҳида тааҳуди раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведевро, ки гуфт омода аст ба Амрико ва муттафиқони вай дар интиқоли муҳимоти низомӣ ба Афғонистон тавассути қаламраваш кӯмак кунад, истиқбол кард. Роберт Вуд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки маъмурияти нави Обама ба ҳамкорӣ бо Русия дар масоили Афғонистон боумед менигарад. Дар пайи ҳамлаҳои пайдарпай болои борбарҳои низомии амрикоӣ, ки тавассути хоки Покистон мегузаштанд, ИМА ва НАТО роҳҳои алтернативии нави интиқолу бору муҳимот ба Афғонистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Генерал Дейвид Петреус, раиси Ситоди Марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, ки ахиран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кард, бо мақомоти ин кишварҳо роҳҳои интиқоли борҳоро тавассути марзҳои шимолии Афғонистон баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG