Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз бастани Гуантанамо истиқбол кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз тасмими Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи бастани боздоштгоҳи низомии Амрико дар Гуантанамои Кубо истиқбол кард. Оқои Карзай дар эъломияи шоми панҷшанбе гуфт, бастани боздоштгоҳ "ҳимояти байналмиллалӣ аз мубориза бар зидди терроризмро тақвият хоҳад дод". Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, Ҳомид Карзай рӯзи панҷшанбе ҳамчунин аз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико занги телефонӣ гирифтааст ва онҳо муборизаи муштарак бар зидди терроризмро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG