Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвахорӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ


Дар давоми соли 2008 дар Тоҷикистон беш аз 680 корманди мақомоти интизомӣ ба муҷозот кашонда шудаанд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин бора дар нишасти хабарӣ иттилоъ додааст. Дар миёни ин 680 нафар ду корманди додгоҳ низ ҳастанд, ки ба ришвахорӣ муттаҳам дониста шудаанд. Мирзоев-раиси додгоҳи ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ва яке аз қозиёни додгоҳи ноҳияи Қубодиён аз ҷумлаи онҳо будаанд. Бештар аз 70 дарсади кормандони мақомоти интизомӣ барои ришвахорӣ боздошт ва маҳкум ба муҷозот шудаанд.

XS
SM
MD
LG