Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили камбуди шадиди барқ дар водии Зарфшон


Хабарнигори радиои Озодӣ дар водии Зарафшон гузориш медиҳад, ки сокинони ин водӣ дуввумин руз аст, ки аз истифодаи нируи барқ маҳруманд. Ба сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи Куҳистонӣ дар шабонарӯз ду соъатӣ ва ба сокинони ноҳияи Панҷакент дар шабонарӯз 4 соъат барқ дода мешавад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, сабаб ин будааст, ки интқоли нируи барқ аз Узбакистон ва Туркманистон қатъ шудааст. Раҳмат Каримов-омӯзгор ва як сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд:

"Ду рӯз шуд, ки дар деҳаҳо умуман свет нест. Бисёр мушкил. Дарс тайёр карда наметавонем ва барои мо муаллимон умуман азоб".

Вазъи таъмини барқ дар минтақаи водии Рашт низ хуб нест ва мактабҳову бемористонҳо аз набуди барқ ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG