Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатори Обама аз Филаделфия ба Вошингтон расид


Қатори ҳомили раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама дар ду рӯзи қабл аз расми адои савганди президентиаш ба Вошингтон, пойтахти Ийолоти Муттаҳида, расид. Ин қатор рӯзи шанбе аз Филаделфия, маҳалли эълони истиқлолияти Амрико аз Бритониё дар соли 1776, роҳии Вошингтон шуда, масиреро такрор кард, ки раисиҷумҳури вақти Амрико Абраҳам Линколн дар соли 1861 паймуда буд. Интизор меравад, рӯзи 20 январ дар маросими адои савганди Барак Обама дар Вошингтон то 2 миллион нафар ширкат биварзанд. Ба хотири таъмини амнияти аҳли маросим, тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG