Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Олмерт: «Амалиёт дар Ғазза ба ҳадаф расид»


Эҳуд Олмерт: «Амалиёти низомии мо дар навори Ғазза ба ҳадаф расид!»
Эҳуд Олмерт: «Амалиёти низомии мо дар навори Ғазза ба ҳадаф расид!»

Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мегӯяд, амалиёти низомӣ дар минтақаи Ғаззаи кишвар ба ҳадаф расидааст.

Шоми 17-уми январ, баъди тасдиқи оташбаси яктарафаи Исроил дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар сарвазир Э. Олмерт бо рӯзноманигорон мулоқот кард. Ӯ, аз ҷумла, изҳор намуд, ки амалиёти низомӣ дар навори Ғазза ба ҳадаф расидааст ва «Ҳамос» зарбаҳои вазнин бардоштааст. Ба қавли сарвазири Исроил, акнун имконоти мушакпарронии «Ҳамос» ба тарафи Исроил хеле маҳдуд шудааст.

Ба қавли Олмерт, ҳарчанд оташбас соати 2-и субҳи вақти маҳаллӣ ба ҳукми иҷро медарояд, вале сарбозони исроилӣ ҳамчунон дар минтақаи Ғазза боқӣ мемонанд. Агар онҳо мавриди оташ қарор гиранд, афзуд сарвазир, маҷбуранд айнан «посух» диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи ин иқдоми Исроил «Ҳамос» то кунун чизе нагуфтааст.

18-уми январ дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср дар робита ба вазъи Ғазза як нишасти байнулмилалӣ баргузор мегардад. Мизбонони он президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ва раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ҳамроҳ бо як идда раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, шоҳи Урдун ва дабири кулли СММ вазъи Ғаззаро баҳс хоҳанд кард.

Қарори оташбаси яктарафаи Исроил замоне эълон шудааст, ки амалиёти низомии артиши ин кишвар дар минтақаи Ғазза 22 рӯз идома ёфта, дар ҷараёни он беш аз 1200 фаластинӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG