Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Афғонистону Покистон барои террористон амн нест


Раиси канорравандаи Оҷонсии маркази истихбороти Амрико Майкл Ҳайден гуфт, ки ба бовари вай раҳбарони Ал-Қоида дигар худро дар марзи Афғонистону Покистон амн эҳсос намекунанд, чунки мавриди фишори шадиди нирӯҳои амрикоиву покистонӣ қарор гирифтаанд. Дар нишасти матбуотии охирини худ қабл аз тарки вазифа карданаш Ҳайден гуфт, аз он ки то ҳанӯз раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден боздошт нашудааст, дилсарду афсурда аст. Аммо дар айни замон гуфт, ки бовар дорад марзи Афғонистону Покистон дигар наметавонад ба ҳайси паноҳгоҳи амне барои Ал-Қоида арзёбӣ шавад. Ҳайден инчунин гуфт таҳлилгарони амрикоӣ бовар доранд, ки раҳбарияти Эрон эҳтимолан барои гирифтани тасмиме оид ба таърихи эҷоди ураниуми баландсифати ғанишуда, ки барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ба кор меравад, наздик шудаанд. Эрон ҳама гуна иттиҳомотро оид ба ин ки гӯё барои тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ омодагӣ мебинад, рад кардааст. Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико Барак Обама ба вазифаи раиси нави Оҷонсии маркази истихбороти Амрико Леон Панеттаро таъин кардааст, ки дар аҳди Билл Клинтон раиси ситод будааст
XS
SM
MD
LG