Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймое дар рӯдхонаи Ҳадсони Ню-Йорк


Як ҳавопаймои мусофирбари Airbus 320 аз хатти ҳавоии Амрико дар рӯдхонаи Ҳадсони Ню-Йорк суқут кардааст. Ҳама 150 сарнишини ин ҳавопаймо бо истифода аз қаиқҳои мавҷуд дар рӯдхона тавонистаанд наҷот ёбанд ва гузорише дар бораи захмӣ шудани нафаре аз онҳо нашр нашудааст. Лаура Браун, сухангӯйи Идораи ҳавонавардии Иёлоти Муттаҳида эълом кард, ки ин ҳавопаймо пас аз парвоз аз фурудгоҳи ЛаГуардия дар Ню-Йорк дучори сонеҳа шуд ва бар рӯдхонаи Ҳадсон фуруд омад. Ин идора мегӯяд, ҳавопаймои мазкур бо дастае аз паррандагон бархӯрд кардааст, ки мӯҷиби аз кор уфтодани моторҳои он ва суқути ҳавопаймо шудааст. Мақомоти расмии Амрико амали террористӣ будани ин ҳодисаро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG