Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Раҳмон ба назорати қавитари харҷҳои буҷавӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи густардаи ҳукумат натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст кард ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, харҷи захираҳои буҷавии давлатро зери назорати қавӣ бигиранд. Вай аз пастравии тавлиди саноатӣ, иҷро нашудани буҷаи давтлатӣ ва камомади ҷамъоварии андоз дар кишвар изҳори нигаронӣ кард. Дар ин ҷаласа раҳбари Кумитаи андоз Ҳаким Солиев, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Муҳсиддинов, раҳбари «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов, роҳбари маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров аз мақоми худ барканор шуданд. Ин ҷаласа рӯзи панҷшанбе ҳам идома мекунад.
XS
SM
MD
LG