Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Эътимод ба Русия зери хатар аст.


Сарвазири Олмон, Ангела Меркел, мегӯяд, ба Русия хатари он таҳдид мекунад, ки эътиборашро ҳамчун содиркунандаи боэътимоди энержӣ аз даст диҳад. Вай гуфт, ин паёмро рӯзи ҷумъа ҳангоми мулоқот дар Берлин ба сарвазири Русия, Владимир Путин хоҳад расонд. Иттиҳоди Аврупо ба ширкатҳои энержии аврупоӣ машварат додааст, ки агар интиқоли газ ба зудӣ шурӯъ нашавад, ширкатҳои гази Русия ва Украинаро ба додгоҳ кашанд. Русия ва Украина дар қатъи газ барои 18 кишвари аврупоӣ дар яке аз сардтарин зимистони солҳои охир ҳамдигарро айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG