Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ Омбудсмен парчами Исроилро оташ задан хост


Турсунбой Бакир уғлӣ ҳини талоши оташ задани парчами Исроил
Турсунбой Бакир уғлӣ ҳини талоши оташ задани парчами Исроил

Турсунбой Бакир уғлӣ, ҳамраиси Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон ва собиқ Омбдусмен ҳини талоши оташ задани парчами Исроил ба нишони эътироз аз вазъи Навори Ғазза боздошт шуд.

Рӯзи чоршанбе созмони иҷтимоии Иттиҳодияи мусалмонони Қирғизистон дар толори осорхонаи давлатии таърихӣ намоиши аксҳоеро раҳандозӣ кард, ки дар он қурбониёни амалиёти низомиёни исроилӣ дар хоки Фаластин акс ёфтаанд.

Ин аксуламал бо қироъати як оят аз Қуръони маҷид оғоз ёфт. Баъд ширкаткунандагони он ҳамлаи Исроил болои Фаластин ва куштори одамони бегуноҳ дар Навори Ғаззаро сахт маҳкум карданд. Вақте ки Турсунбой Бакир уғлӣ ва ҳамтои ӯ Нурлан Мотуев хостанд ба нишони эътироз парчами Исроилро оташ зананд, мавриди боздошти кормандони умури интизомӣ қарор гирифтанд.

Як афсари хадамоти интизомӣ, ки худро Талантбек Шатманов муаррифӣ кард, Бакир уғлӣ ва Мотуевро дар созмон додани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муттаҳам намуд. Талантбек Шатманов гуфт, аз қонунҳои кишвараш ҳимоят мекунад ва нахоҳад гузошт, ки ҳар кӣ берун аз доираи қонун даст ба гирдиҳамоӣ занад ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад. Ин афсари хадамоти интизомӣ амр кард, ки иштирокчиёни аксуламал пароканда шаванд.

Аммо Турсунбой Бакир уғлӣ ин иқдоми намояндагони мақомоти ҳуқуқ ва тартиботи кишварашро нақзи ҳуқуқи башар номид. Ба гуфтаи Турсунбой Бакир ӯғлӣ, вай парчами Исроилро бо пули худ харидааст ва кормандони умури интизомӣ ҳақ надоранд, ки ин парчамро аз вай зӯран бигиранд. Ҳамраиси Иттиҳодияи мусалмонони Қирғизистон далел овард, ки қонунгузориҳои кишвараш оташ задани парчами кишвари дигарро манъ накардааст.

Бо вуҷуди ин созмондиҳандагони ин аксуламал тавассути мошин аз ҷои ҳодиса ба боздоштгоҳи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек интиқол дода шуданд. Гуфта мешавад, ки Турсунбой Бакир уғлӣ ва Нурлан Мотуев, ҳамраисони Иттиҳодияи мусалмонони Қирғизистон, дар ҳамин ҳол дар ин боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Турсунбек Охун, раиси Омбдусмени назди ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи сешанбе зимни як нишасти хабарӣ изҳор кард, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишвараш нисбат ба ду соли пеш бадтар шудааст. Вай афзуд, баъди инқилоби моҳи марти соли 2005 озодии баён ва озодии виҷдон вуҷуд дошт, мардум тазоҳурот ва раҳпаймоиҳо мекард. Ба гуфтаи Турсунбек Охун аммо дар ҳамин ҳол ҳатто як ҳомии ҳуқуқи башар наметавонад даст ба тазоҳурот занад.

Ба таъкиди раиси Омбдусмени Қирғизистон, баъзе раҳбарони идораҳои ҳукуматӣ ба манзури таъмини амният ба президент хизмати хирсона мекунанд. Турсунбек Охун гуфт, ки дар мавриди бад шудани вазъи ҳуқуқи башар шаҳрвандони кишвараш низ гунаҳкоранд, зеро, гуфт вай, онҳо ҳуқуқи худро намедонанд.

XS
SM
MD
LG