Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Эрону Ироқ чӣ хоҳад кард?


Номзад ба мақоми вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, мисли раисҷумҳури феълӣ Ҷорҷ Буш бар ин фикр аст, ки Эрон набояд ба қудрати дорои силоҳи ҳастаӣ табдил ёбад.

Ӯ гуфт, аз ин кор бо ҳама гуна кӯшиш пешгирӣ хоҳандк ард. Аз ҷумла, роҳҳои дипломатӣ, эъмоли таҳримҳо ва ташкили эътилофҳо бо кишварҳое, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд.

Хонум Клинтон гуфт, зери раҳбарии Обама кӯшишҳои ҷалби Теҳрон ба хотири пайдо кардани заминаи муштарак ва саъйи бунёди равобити мусбат фаротар мегарданд. Клинтон гуфт, агар вохӯриҳои ашхоси зери раҳбариаш бо ҷониби эронӣ муфид бошанд, худи ӯ ҳам дар чунин тамосҳо саҳм хоҳад дошт.

Бино бар изҳороти хонум Клинтон, дар мавриди бархурди Вошингтон ба низоъи Исроилу фаластиниҳо низ тағйироти зиёд ба амал намеояд. Вай гуфт, Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳаракати Ҳамос тамос нахоҳад кард, то замоне ки ин ҳаракат Исроилро ба расмият шиносад.

Барои пайдо кардани роҳи ҳалли ин низоъ ва мушкилҳои Ховари Миёна Клинтон ба истифода аз “стротежии нерӯи оқилона” даъват намуд. Ба гуфтаи ӯ, “нерӯи оқилона” тамоми абзорҳоеро, ки Вошингтон дар ихтиёраш дорад, дар бар мегирад, аз ҷумла, дипломатӣ, низомӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ.

Дар мавриди Ироқ Клинтон гуфт, ҳадафи аслӣ ин бозхонди артиши Амрико аз он кишвар дар ҳудуди 16 моҳ мебошад. Дар ин бахш ҳам тафовуте аз тарҳи Буш ба чашм намехӯрад, чунки тибқи нақшаи ҳукумати кунунӣ нерӯҳои низомӣ бояд то соли 2011 аз Ироқ хориҷ шаванд.

Бо вуҷуди ин ҳама шабоҳат, Клинтон таъкид кард, ки бархурди Обама ба сиёсати хориҷӣ аз бархурди Кохи сафеди имрӯза хеле фарқ хоҳад кард. Вай гуфт, Вошингтон бояд ба СММ ва созмонҳои байнулмилалии ҳамсон бештар муроҷиат кунад, чунки аз ин роҳ нуфузи Амрико танҳо тақвият меёбад.
XS
SM
MD
LG