Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии номзадии хонум Клинтон дар Сенати Амрико


Хонум Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, вай дар самте кор хоҳад кард, ки Эрону Сурияро ба тарки рафтори хатарнокашон мутмаъин созад. Вай ин нуктаро дар кумитаи Сенати Амрико баён дошт. Ин кумита номзадии хонум Клинтонро ба мақоми вазири хориҷаи ояндаи Амрико баррасӣ мекунад. Вай гуфт, Эронро водор хоҳад кард, ки аз барномаҳои шубҳабарангези иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст бардорад. Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, вай ҳамкориҳои қаввии Амрикоро дар саросари ҷаҳон пеш хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG