Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи 18-уми набард дар Навори Ғазза


Нерӯҳои Исроил ва ҷангиёни Ҳамос субҳи сешанбе дар канораҳои шаҳри Ғазза вориди задухӯрдҳои сангин шуданд.

Ҷангандаҳо ва чархболҳои артиши Исроил тайи ҳамлаҳои шаби гузашта даҳҳо ҳамла анҷом дода, дар маҷмӯъ ҳудуди 60 мавзеъро ҳадаф қарор доданд. Ҷангиёни фаластинӣ, ба навбаи худ, тайи рӯзи душанбе алайҳи қаламрави Исроил наздики 30 мушаки дигар партоб кардаанд, аммо Исроил иддаои Ҳамосро, ки мегӯяд, ду тонки исроилиро тахриб кардааст, такзиб мекунад.

Бо ин ҳол, рӯзи сешанбе дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун сафараш ба Ховари Миёнаро шурӯъ мекунад. Як ҳадафи дидори ӯ аз минтақа ба сӯи оташбас таҳрик додани ҷонибҳои низоъи Ғазза гуфта мешавад.

Артиши Исроил ҳарчӣ бештар дохили канораҳои ҷанубии шаҳри Ғазза мешавад. Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангии Исроил шаби душанбе ба сешанбе асосан ба хотири ҳимоят аз нирӯҳои хушкигард як силсила ҳамлаҳои нав анҷом додаанд ва ин нирӯҳо таҳти чунин ҳимояти қавӣ аз ҳаво ва таҳти пуштибонии тонкҳову булдозерҳо бо эҳтиёт пеш мераванд.

Артиши Исроил мегӯяд, дар ин даргириҳо 30 ҷангии дигари фаластинӣ кушта ва се сарбози исроилӣ захмӣ шудаанд. Ҷангиёни Ҳамос дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои Исроил асосан аз шеваи шабехун ва аз хумпораву бомбҳои рӯироҳ кор мегиранд. Як афсари исроилӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс дар бораи як талоши анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ низ хабар додааст. Ба гуфтаи сарҳанг Йеҳуда, ин маргталаб дар як сохтмони матрук пинҳон шуда буд, вале нирӯҳои Исроил бо истифода аз булдозер он сохтмонро ҳамроҳ бо ҳамлагар ба хок яксон кардаанд.

Густариши доманаи даргириҳо дар минтақаҳои аҳолинишини навори Ғазза садои даъватҳои байналмилалӣ ба оташбас дар ин минтақаи хушунатзадаро низ баландтар кардааст. Бан Гӣ Мун, дабири кулли СММ, ба хотири ба оташбас таҳрик додани ҷонибҳои низоъи Ғазза рӯзи сешанбе сафараш ба Ховари Миёнаро оғоз мекунад. Қарор аст, дабири кулли СММ рӯзи чоршанбе бо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак мулоқот кунад. Муборак талош дорад, ба хотири истиқрори оташбас дар минтақа байни Исроил ва Ҳамос миёнҷигӣ кунад.

Аммо ҳам Исроил ва ҳам Ҳамос даъватҳои байналмилалӣ ба оташбас, аз ҷумла тақозои қатъномаи ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро рад карданд. Вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ рӯзи душанбе гуфт, амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳамос, ки назорати сарзаминҳои фаластинии навори Ғаззаро дар даст дорад, метавонад фурсати зиёдтареро фаро бигирад.

Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳамос дар навори Ғазза, низ дар посух гуфт, ин гурӯҳ ба музокираи мавзӯъи оташбас омода ҳаст, вале танҳо дар сурати хуруҷи нирӯҳои Исроил ва қатъи муҳосираи Ғазза, ки аз соли 2007, аз замони таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос омадани ин минтақа ҷорӣ шудааст.

Мақомоти тиббии фаластинӣ мегӯянд, аз замони шурӯъи амалиётит нирӯҳои Исроил, яъне аз 27 декабр ба ин сӯ, дар навори Ғазза беш аз 900 нафар кушта шуданд. Талафоти ҷонии ҷониби Исроил 13 нафар баровард мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, тавзеъи хадамоти ҳаётӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба об, дар навори Ғазза дучори камбуд шудааст.

Кумисссари ИА дар умури кӯмакҳои башарӣ Луӣ Мишел аз Исроил хостааст, то тазмин диҳад, ки иқдомоташ дар навори Ғазза мунҷар ба бӯҳрони башарӣ дар ин сарзаминҳо нахоҳад шуд. Луӣ Мишел гуфтааст, ҳифзи ҳаёти мардум, дифоъ аз онҳо, таъмини ғизо ва нигоҳубини ин мардум аз ӯҳдадориҳои дараҷаи аввали нирӯи ишғолгар аст. Куммиссари аврупоӣ гуфтааст, ба назар мерасад, ки ин ӯҳдадорӣ иҷро нашудааст ва ӯ чунин сурати ҳолро ғайриқобилиқабул медонад.

XS
SM
MD
LG