Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар Ироқ ба сар мебарад


Муовини раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден дар пайи сафари ногаҳониаш ба Афғонистону Покистон вориди Бағдод шуд. Вай аллакай бо раиси ҷумҳурии Ироқ Ҷалоли Толибонӣ дар қароргоҳи ӯ мулоқот кард. Дар Афғонистон Ҷо Байден ваъда дод, ки дар мубориза бо терроризму маводи мухаддир ва фасод кӯмакҳо хоҳад кард. Барак Обама, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ваъда дод, ки ҷанги Ироқро хотима дода таваҷҷӯҳи бештарро ба амалиёти ҷангии Афғонистон равона мекунад. Ҳукумати ба раҳбарии Обама қарор аст 20 январ сари кор ояд.
XS
SM
MD
LG