Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Теҳрон аз Обама


Эрон аз раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама даъват кард, иттиҳомоти ҷаълиеро, ки маъмурияти қаблии Кохи Сафед дар қиболи Эрон кор мебурд, такрор накунад. Амрико Эронро дар таъқиби барномаҳои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ айбдор, вале Теҳрон ин иддаоро радд мекунад. Ҳасан Қашқавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, гуфт, Теҳрон ба ҳар навъ тағйир дар мавзеъгириҳои Амрико посухи муносиб ва саривақт хоҳад дод. Барак Обама, ки рӯзи 20 январ расман Ҷорҷ Бушро дар симати раёсати ҷумҳурии Амрико иваз мекунад, гуфтааст, Эронро ҳамчунон як таҳдид мешиносад, вале ба оғози гуфтугӯ бо Теҳрон бартарӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG