Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати боздошти хабарнигорон


Як додгоҳ дар Исроил мӯҳлати боздошти ду хабарнигори эрониро то ду рӯзи дигар тамдид кард. Муҳаммад Сарҳон ва Хидир Шоҳин дар он муттаҳам мешаванд, ки аз шурӯи амалиёти заминии Исроил дар Борикаи Ғазза дар таърихи 3 январ, яъне қабл аз пешниҳоди он аз ҷониби сензураи низомӣ ба дасти матбуот ба чоп расондаанд. Хабарнигорони эронӣ ду рӯз баъди ин ҳодиса боздошт шуданд. Дар Исроил ҳама хабарнигорон ба хотири дарёфти иҷозаи расмии фаъолият аз ҷониби ҳукумати ин кишвар бояд қаблан созишномаеро ба имзо расонанд, ки он риояи қоидаҳои сензураи маҳаллиро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG