Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Баррасии сабақҳои Мумбай


Дар кумитаи амнияти дохилии Конгресси ИМА сабақҳои ҳамлаҳои хунин дар Мумбайи Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Намояндагони ниҳодҳои иктишофии Амрико мегӯянд, омилони ҳамлаҳои Мумбай ба афроди сияҳкор дар саросари ҷаҳон шеваи нави анҷоми ҳамалоти террористиро намоиш доданд. Яъне онҳо тавонистанд бо харҷи андак ва истифода аз танҳо силоҳҳои сабук ва дастовардҳои фанновариҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобил ва моҳвораӣ, ба ҳадаф бирасанд ва маркази тиҷории пойтахти иқтисодии Ҳиндро барои се рӯз гаравгон бигиранд. Бар асари ҳамалоти моҳи ноябр дар Мумбай, қарори маълум, беш аз 170 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аммо баъди ин ҳамлаҳо терроризми байналмилалӣ оё чӣ чеҳраи наве ба худ касб мекунад?

Дар зарфи солҳо терроризм асосан дар либоси ҳамлаҳои маргталабона, гаравгонгириҳо ва тайи солҳои ахир бо таҳдиди истифода аз таслиҳоти кимиёӣ ва ё ҳатто бомбҳои ба истилоҳ “ чиркин” намудор мешуд, вале ҳамлаҳои Мумбай ба афроде, ки қасди аъмоли террористиро дар сар мепарваранд, роҳи ҳам осонтар ва ҳам камхарҷтари расидан ба чунин аҳдофро нишон дод. 10 марди мусаллаҳ бо силоҳҳои сабук, маводи мунфаҷира ва телефонҳои дуздӣ дар поёни моҳи ноябр маркази Мумбай, пойтахти тиҷоратии Ҳиндро барои 72 соат гаравгон гирифта, таваҷҷӯҳи ҳама ҷаҳонро ба худ ҷалб карданд.

Дар ҳамалоти Мумбай беш аз 170 нафар, бо шумули 9 тан аз муҳоҷимин, кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳинд мегӯяд, омилони ин ҳамлаҳо ба гурӯҳи ситезаҷӯи Лашкари Таййиба дар Покистон марбут буда, ҳамаи муҳоҷимон аз он кишвари ҳамсоя вориди Мумбай шудаанд.

Дар ҳар сурат, намояндагони ниҳодҳои иктишофии Амрико дар посух ба суъолоти зиёди аъзои Кумитаи амнияти дохилии Конгресс гуфтанд, ки терроризми байналмилалӣ баъд аз ҳамлаҳои Мумбай либоси наву арзонтар ба бар хоҳад кард.

Чарлз Аллен, як мақоми аршади иктишофӣ дар вазорати амнияти дохилии Амрико, аз ҷумла гуфт: “Ҳамалот бо истифода аз ҳадди камтарини таҷҳизоти фаннӣ метавонад ба аҳдофи стротежиаш бирасад ва тавассути корбарони фанновариҳо барҷастатар анҷом шавад. Ҳамлагарони Мумбай бо истифода аз танҳо мусалсалу хумпора ҳо ва бархе анвоъи маводи мунфаҷира, асосан бо истифода аз таслиҳоти нирӯҳои пиёдагард, тавонистанд ҳамлаи нирӯи муқобилро гардонанд. Онҳо ҳамчунин телефонҳои ҳамроҳ ва моҳвораиро ба ҳадди аксари муассирият истифода бурда, адр матбуот чигуна пайгирӣ шудани ин ҳамлаҳоро тавассути дастгоҳҳои иртиботи бесим, ки аз гаравгонон ба даст оварданд, назорат кунанд.”

Доналд Ван Дин, намояндаи Дафтари федеролии тафтишот, ё худ FBI, гуфт, ин шеваи муваффақ ба соъир афроди сияҳкор паёми муҳкаме мефиристад. Ӯ мегӯяд, муфаттишон аз ҳамлаҳои Мумбай сабақҳои муҳиме бардоштанд ва яке ин аст, ки гурӯҳҳои дигар акнун метавонанд аз шеваи осони истифодашуда дар Мумбай дар амри иҷрои ҳамалоти дигар нусха бардоранд.

Куммиссари пулиси Ню-Йорк Раймонд Келлӣ гуфт, ин ҳамлаҳо, бидуни шакк, як нуқтаи чархиш дар ҷанг алайҳи террор буда, ба чунин шеваи содда анҷом додани чунин як амали пурсарусадои террористӣ ӯро ҳатто дар ҳайрат андохтааст: “Дар ин ҷо истифода аз силоҳҳои маъмулӣ қариб 500 куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки ҳамкорони мо аз ниҳодҳои федеролӣ бо пеш бурдани таҳқиқу омӯзиши худ аз он сабақҳои бештаре хоҳанд гирифт. Вале ғолибан ин як нуқтаи гардиш хоҳад шуд. Ба ин маънӣ, ки дигарон метавонанд ба шеваи соддаи ин ҳамла пайравӣ кунанд”.

Чарлз Аллен зимнан ба як нуктаи дигар низ ишора мекунад, ки ба фарқ аз дафъаҳои гузашта, ки дар Ҳинд асосан аҳдофи осон ва бештар дастрас, аз ҷумла қаторҳои роҳи оҳан, ҳадафи ҳамла қарор мегирифтанд, ин бор ҳадаф Мумбай, яке аз марказҳои тиҷоратии дунё буд ва ин ҳамлаҳоро дар як они воҳид ва барои чанд рӯз дар сархати ахбори доғи ҷаҳон қарор дод.

Дар ҳар сурат, бардошти маъмурони амниятии Амрико ин аст, ки терроризм аз ин ба баъд либоси дигаре ба бар мекунад. Либоси хеле мушобеҳ бо ҳамлаҳои пурқурбонӣ ва пурсарусадои Мумбай, ки ҳамагӣ 10 нафар дар моҳи ноябр бо чунин осониву чунин содагӣ ва бо чунин харҷи кам анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG