Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабзиндадории мардум аз овозаи зилзила


Аз овозаи имкони зилзила ҳазорон сокинони Душанбешаҳр шабро дар кӯча гузаронданд
Аз овозаи имкони зилзила ҳазорон сокинони Душанбешаҳр шабро дар кӯча гузаронданд

Шаби 9 ба 10-уми январ овозаи зилзила шумори зиёди мардумро дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба берун аз хонаҳо кашидааст.

Файзимоҳ Алиева, як сокини Душанбе, мегӯяд, тақрибан соатҳои 7-и бегоҳ ин хабар паҳн шуд, ки ҳамин ҳоло дар Душанбе зилзила рух хоҳад дод. Ӯ он лаҳзаҳоро ин гуна баён дошт: «Ғавғо дар даҳлези мо шуд. Дарро кушода бинам, ҳамсояҳо кӯрпаву кӯрпача дар даст медаванд. Гуфтам: «Чӣ гап?». Гуфтанд, ки замин аз 9 то 11 бал меҷунбад. Ҳама дар кӯча. Биё, ки равем. Бачаҳом гуфтанд, ки оча меравем. Ман гуфтам, бачам ман кор дорам. Ҳарчӣ бодо бод, он чиро, ки Худо медонад, бандааш намедонад».

Хабарнигорони РО аз Хуҷанд, Хоруғ, Рашт, Кӯлоб ва Қурғонтеппа низ айнан ҳаминро зикр карданд, ки дар ин манотиқ низ қисмати бузурги мардум шаб хоб накардаанд.

Дороб Аҳмадов, сокини ноҳияи Кофарниҳон вазъи шаби гузаштаро дар маҳаллаи худ ин гуна тасвир намуд: «Ба чашми худам дидам, ки мардум додувойкунон нони қоқ гирифта, хонаҳояшонро тарк мекунанд. Кӯрпаву кӯрпача гирифта, мошинро хона мекарданд. Ҳатто як одам давида омад, ки чалаву занҷири тилояшро нагрифтаасту бояд гирад, вагарна, агар зилзила шавад, дигар сарвате надорад, ки оилаашро хӯронад. Дар як ҳавлӣ 138 хона ҳаст. Ҳама баромаданд».

Бар асоси гуфтаҳои мардум, овоза дар бораи зилзила аз се манбаъ маншаъ гирифтааст: аввал, зилзила дар Тоҷикистонро гӯиё кадом як экстрасенс ё фолбин дар Русия пешгӯӣ кардааст, дувум, гӯиё ин хабар аз қавли зилзилашиносони аврупоӣ дар шабакаҳои телевизионии «Евронюс», «Россия» ва «Сафина» пахш шудааст ва севум, манбаъи номаълум, ки гуфтааст, шаби гузашта соати 2 замин меларзад ва шабҳои 10- ва 15-уми январ низ хоҳад ларзид.

Фирӯза Шойиқова, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд: «Шаб духтари амакам аз Амрико занг зад, ки либосҳоятонро пӯшед ва хонаро тарк кунед, ки замин меҷунбад. Намедонам, аз куҷо ин хабарро фаҳмидааст».

Тӯли шаб телевизиони "Ҷаҳоннамо"-и Тоҷикистон ахбори мухталифе пахш мекард, вале фақат наздикиҳои субҳ эълон нашр кард, ки овозаи зилзила поя надорад ва мардум бояд ором бошанд. Марказҳои зилзилашиносӣ дар саросари Тоҷикистон низ ин овозаҳоро такзиб карданд. Академик Яъқуб Муродқулов, сарвари маркази зилзилашиносии Ғезан, воқеъ дар водии Зарафшон, гуфт, ки то ба имрӯз инсоният таҷҳизотеро насохтааст, ки имкони пешгӯии дақиқи зилзиларо дошта бошад.

Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.

Аммо Мӯсо Яҳёев, сарвари Маркази зилзилашиносии шаҳри Душанбе, бар ин аст, ин овоза аз он хотир низ сиҳҳат надорад, ки таййи даҳсолаҳои ахир дар Тоҷикистон зилзилаи 9-баллӣ сабт нашудааст.

Дар шамин ҳол, Ҳабибуллоҳ Убайдов, навбатдори Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, ки ин кумита шаби гузашта дар ҳолати омодабош қарор надошт ва ҳоло ҳам надорад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва марказҳои зилзилашиносии Тоҷикистон шаби гузашта дар кишвар кӯчактарин ларзиши замин ҳам сабт нашудааст.

Ҳафтаи қабл дар Тоҷикистон то 5,5 балл ду маротиба замин ларзида буд ва коршиносон бар онанд, ки маҳз ин ду зилзила бар нигарониҳои мардум афзуда ва онҳо ба овоза бовар кардаанд. архе ин нуктаро ҳам баъид намедонанд, ки шояд ин овоза амали гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷиноӣ бошад.

Бар тибқи иттилоъи расонаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯи сарчашмаи овоза дар бораи зилзилаи шадид шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG