Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи нахустин дар соли 2009


Заминларза замоне рух дод, ки мардум дар хоб буданд...

Субҳи имрӯз, 4-уми январ, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаи сахт эҳсос гардид.

Чунонки дар маркази заминларзашиносии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, зарбаи заминларза шабона, соати 1-у 23 дақиқа ба амал омад. Бино ба таъйиди манбаъи хабарӣ, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон дар 275-километрии ҷануби шарқии пойтахти Тоҷикистон буд.

Дар маркази ин ҳодисаи табиъӣ ҷунбиши қишри замин ба дараҷаи 7 балл аз рӯи меъёри 12-баллӣ будааст. Қувваи заминларза аз рӯи ҳамин меъёр дар Душанбе – 5,5 балл ва дар Норак 4,5 балл ба қайд гирифта шуд.

Маълумот дар бораи қурбониҳои одамӣ ва харобиҳои манозил ҳанӯз нарасидааст. Ба гуфтаи сейсмологҳои тоҷик, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 2,5 – 3 ҳазор маротиба ҷунбишҳои мухталифқувваи замин қайд карда мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG