Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси газии Маскаву Киев дар Бруссел


Баҳси миёни Киеву Маскав имрӯз, 8 январ, дар меҳвари баррасиҳои Аврупо қарор мегирад.

Нишастҳои фаврие, ки дар Прагаву Бруссел дар назар гирифта шудааст, масъалаи бидуни гази русӣ мондани муштариёни аврупоиро бо иллати мухолифатҳои Украинаву Русия бар сари қиматҳои газ ба баррасӣ хоҳад гузошт. Музокираҳо дар сатҳи аврупоӣ дар паи он мегузарад, ки шоми гузашта раҳбарони ширкатҳои дар ҳоли ихтилоф - Газпроми русиву Нафтогази украинӣ баъди баҳси 1 январ нахустин бор мулоқот карданд. Вале, тавре баъзе манбаъҳои русӣ мегӯянд, ин мулоқот бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Олеҳ Дубина, раҳбари иҷроияи ширкати Нафтогаз имрӯз зимни суханрониаш дар Кумитаи равобити хориҷии Парлумони Аврупо гуфт, Украина ҳеҷ гоҳ талош накардааст, ки роҳи транзити газро аз Русия ба Аврупо масдуд кунад. Имрӯз вай ва ҳамтои русаш аз Газпром Алексей Миллер дар Бруссел дар мулоқот бо мақомоти аврупоӣ баҳси бар сари қимати газ ва мутаваққифшавии ҷараёни интиқоли газ ба Аврупоро баррасӣ мекунанд. Як рӯз пеш аз ин Дубина ва Миллер дар Маскав талош карданд баҳси ба дарозо кашидашударо ҳаллу фасл кунанд, аммо бенатиҷа.

Маскав Киевро дар қочоқи гази ба Аврупо равонашаванда муттаҳам карда, рӯзи чоршанбе тасмим гирифт, ҷараёни интиқоли онро қатъ кунад. Киев гуфт, ки худи Маскав масъули аз аввал коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти газ мебошад.

Қарор аст, Алексей Миллер ва Олеҳ Дубина дар Бруссел инчунин бо Комиссионери умури энержӣ Андрис Пиебалгз ва вазири энержии Ҷумҳурии Чех Мартин Риман баҳси бамиёномадаро баррасӣ кунанд. Дар айни замон, ҳар ду ҷониб ҳам гуфтаанд, ки баргузории мулоқоти мустақими рӯбарӯ дар назар нест.

Гуфтугӯҳои Бруссел инчунин барои мушаххас кардани ҳайъати назоратии Аврупо ташкил мешавад, ки бояд ба истгоҳҳои интиқоли газ дар ҳар ду қаламрав - ҳам Украина ва ҳам Русия рафта, ҳаҷми интиқоли дубораи газро ба Аврупо бисанҷанд.

Раиси иҷроияи Газпром Алексей Миллер қарор аст дар ҷараёни рӯз бо кумитаи равобити хориҷии Парлумони аврупо ва баъдан бо раиси Комиссиюни Аврупо Ҳосе Мануэл Бароссо дидору мулоқоте анҷом диҳад. Дар нишасти изтирории Парлумони Аврупо инчунин муовини нахуствазири Украина Ҳриҳорий Немира ва раиси кумитаи равобити хориҷии Думаи Русия Константин Косачев ширкат хоҳанд кард. Нишасти ҷудогонаи имрӯзаи вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Прага низ маҳз ба баррасии ҳамин масъала тахассус ёфтааст.

Аммо дар Аврупо аксарият ба натиҷаҳои хушоянди ин ҳама мулоқоту гуфтугӯҳо бовар надоранд. Мақомоти Булғористону Сербистон ва дигар кишварҳои Аврупои ҷанубушарқӣ, ки кишварашон кариб пурра аз транзити гази русӣ вобаста ҳастанд, ба таври фаврӣ ва дар як ҳолати фавқулодда талош доранд сокинонро бо васоили алтернативии гармидиҳӣ таъмин кунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин рӯзҳо Аврупо мавсими хеле сарду серборишро паси сард мекунад. Тақрибан чоряки захираҳои гази Аврупо аз Русия меояд ва 80 % он аз қаламрави Украина убур мекунад. Дар марҳилаи кунунӣ ҳам Киев ва ҳам Маскав умедворанд, ки бо мудохилаи Аврупо ихтилофи миёни ду ҷониб аз байн меравад. Аммо Бруссел то имрӯз тарафи ҳеҷ як аз ин ҷонибҳоро нагирифта аллакай гуфтааст, ки Украинаву Русия бо ин баҳсҳо обурӯи худро ба унвони шарикони қобили эътимоди тиҷоратӣ зери зарба мемонанд.
XS
SM
MD
LG