Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби мушакҳо аз Лубнон ба Исроил


Субҳи имрӯз, 8-уми январ, аз минтақаи марзии Лубнон ба сӯи Исроил якчанд мушак партоб шудааст.

Ҷониби Исроил дар ҷавоб маҳалли мушакпартоиро мавриди тирборон қарор додааст. Ин оташкушоиҳо талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

То ҳануз аз ҷониби Лубнон масъулияти ин ҳамларо касе бар уҳда нагирифтааст.

Партоби мушакҳо аз ҷониби Лубнон ба суи Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз раҳбари ҳаракати «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон шайх Ҳасан Насруллоҳ бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза дар бораи имкони оғози мубориза бо Исроилро эълон кард ва размандагони «Ҳизбуллоҳ»-ро даъват кард, ки омода бошанд.

XS
SM
MD
LG