Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хост, ҳамлаи Исроил таҳқиқ шавад


Созмони Милали Муттаҳид имрӯз хост, то ҳамлаи маргбори Исроил ба як мактаби ин созмон дар Навори Ғазза таҳқиқ шавад ва ҳамингуна ҳамлаҳои дигар, ки мардуми бегуноҳро қурбон кардаанд. Созмони Милал таъйид кард, ки бар асари ҳамлаи Исроил ба мактаби ин созмон, ки ғайринизомиёни фаластинӣ дар он паноҳ бурда буданд, дасти кам 30 нафар ҳалок шудааст. Ва дар ҳамлаи дигари Исроил ба мактаби Муассисаи хайрия ва кори Созмони Милал се фаластинӣ ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG