Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳли олам соли нави 2009-умро пешвоз гирифт


Аҳли олам ба соли пурталотуми 2008-ум видоъ намуда, соли 2009-умро пешвоз гирифт. Таҷлил аз Австралия оғоз ёфта, то Амрико тӯл кашид.

Дар майдони Тайм Сквери шаҳри Ню Йорк собиқ президенти ИМА Билл Клинтон ва ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон, ки дар маъмурияти президенти мунтахаби ИМА Барак Обама вазифаи котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷиро бар ӯҳда хоҳад дошт, бо фишори тугма курраи бузурги булуринро рӯшан карданд.

Ҷашнгирии соли нав дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти Таиланд шаҳри Бангкок бо фоҷеа ба анҷом расид. Аснои сӯхтор дар ин тарабхона камаш 60 кас ҳалок шуданд.

Дар Ҳиндустон ҷашнгирандагони соли нав орзу карданд, ки ҳодисаҳои қабили ҳамлаи даҳшатафканон болои Мумбай дигар такрор нашаванд.

Моҳи ноябр террористон ин шаҳри бузургтарини Ҳиндустонро мавриди ҳамла қарор дода, беш аз 160 нафарро ба қатл расонданд.

Кишварҳои арабӣ ва аз ҷумла Миср, Урдун ва Сурия аз таҷлили соли нав худдорӣ карданд. Ба ин восита онҳо мехостанд ҳамдилиашон бо фаластиниҳои минтақаи Ғаззаро, ки бо ҳамлаҳои артиши Исроил бар муқобили Ҳамос рӯ ба рӯ шудаанд, намоиш диҳанд.

Дар кишвари Исландия садҳо эътирозгар, ки аз муфлисшавии низомии бонкии кишварашон ба ғазаб омада буданд, ҷашни соли нав дар як меҳмонсароро халалдор карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо дар меҳмонсаро ҷашни соли нав бо иштироки пешвоёни сисёсии Исландия сурат мегирифт, ки онро тариқи телевизион намоиш медоданд.

XS
SM
MD
LG