Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳамла ба навори Ғазаро идома медиҳад


Исроил чаҳор рӯз боз бомбборони навори Ғазаро идома медиҳад. Субҳи имрӯз бар асари ҳамлаи нави ҳавопаймоҳои низомии Исроил 10 фаластинӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Фаластин, аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи ҲАМОС дар навори Ғаза беш аз 350 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. СММ хабар дод, ки дасти кам 62 тан аз кушташудагон сокинони осоиштаанд.

Исроил изҳор намуд, ки ҳадафи амалиёт – қатъи мушакборони кишвар аз хоки навори Ғаза аст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, шабонарӯзи гузашта мусаллаҳони ҲАМОС ба манотиқи ҷанубии Исроил беш аз сад мушак андохтанд. Панҷ исроилӣ, аз ҷумла, як низомӣ кушта шуданд, 8 нафар захм бардоштанд. Айни ҳол Исроил нерӯҳои низомӣ ва танку зиреҳпӯшҳояшро дар марзи навори Ғаза омодаи ҷанг кардааст.

Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ аз раҳбарони олам даъват кард, ки бо истифода аз нуфузи худ ба хатми хушунат миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG