Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд


Нерӯҳои Исроил омодаи вуруд ба Навори Ғаззаанд. 29 декабри соли 2008.
Нерӯҳои Исроил омодаи вуруд ба Навори Ғаззаанд. 29 декабри соли 2008.

Ҳамлаҳои артиши Исроил ба Навори Ғазза дар саросари ҷаҳон вокунишҳоро ба бор овардааст.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, тақозо кардааст, ки дар Борикаи Ғаза ба таври фаврӣ оташбас эълон шавад. Вай аз раҳбарони кишварҳои Ховари Миёна ва ҷаҳон хост, ки барои қатъи муноқишаи Исроилу Ҳамос кӯмак кунанд ва ин муноқиша аз роҳҳои гуфтугуҳои сиёсӣ ҳал шавад.

Дабири кулли СММ аз вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Қоҳира мулоқот доранд, дархост кард, ки ба масъалаи ҷанги Исроилу Ҳамос бархурди ҷиддӣ нишон диҳанд ва коре кунанд, ки ин ҷанг ҳар чӣ зудтар поён ёбад.

Аз сӯи дигар Роберт Серрӣ, фиристодаи вижаи СММ барои Ховари Миёна, бар зидди Исроил эътироз кардааст, зеро дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Борикаи Ғазза дафтари намояндагии СММ дар ин минтақа хароб шудааст ва 8 нафар кушта шудаанд. Фиристодаи вижаи СММ барои Ховари Миёна Роберт Серрӣ ва раиси Оҷонси кӯмакҳо ва фаъолиятҳои СММ Карен Абузайд ба Эҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил, баъд аз ин ҳодиса номаи фаврии эътирозӣ фиристодаанд.

Ҳамзамон Бернард Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, аз вазирони хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки шоми имрӯз бо ҳам мулоқот ва бӯҳрони Исроилу Ҳамосро баррасӣ кунанд.

Эҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил, мегӯяд, кишвараш дар Навори Ғазза машғули ҷанги ҳамаҷониба бар зидди Ҳамос аст. Вай меафзояд, нерӯҳои исроилӣ «террористҳоро ҷустуҷу мекунанд ва хеле эҳтиёт мекунанд, ки мардуми осоишта зарар набинанд, бо вуҷуди он ки бисёре аз аъзои Ҳамос ва террористҳо аз созмонҳои дигар дар миёни мардум паноҳ мебаранд".

Ҳамзамон мақомоти расмии Фаластин мегӯянд, аз вақти оғози ҳамлаҳо беш аз 340 нафар кушта шудаанд. СММ мегӯяд, дар миёни ин кушташудагон дастикам 60 нафар аҳолии осоишта низ ҳаст.


XS
SM
MD
LG