Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфтааст, Укроин натавонистааст, зарбулаҷалро дар мунозироти пардохти қарзҳои ин кишвар барои гоз иҷро кунад. Путин баъд аз гуфтугуи телефонии яксоата бо Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин гуфтааст, ки "онҳо ба тавофуқ нарасидаанд". Ширкати Газпроми Русия гуфтааст, агар Укроин то якуми январ ду милиярд қарзи худ барои газро пардохт накунад, интиқоли гозро ба Укроин қатъ мекунад.