Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар канори дафтари волии Парвон


Дар шаҳраки Шаҳрикор, дар канори дафтари волии вилояти Парвони Афғонистон инфиҷор рух дод. Ба иттилоъи полис, дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва 17 нафар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки миёни захмбардоштагон сарбозони амрикоӣ низ ҳастанд. Инфиҷор замоне рух дод, ки дар бинои дафтари волии Парвон мулоқоти навбатии мақомоти маҳаллӣ ва низомиёни амрикоӣ идома дошт.

XS
SM
MD
LG