Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар соли 2008


Тасвири Тоҷикистони соли 2008 иборат аз ҳазорон нақши хурд ё бузург, манфӣ ё мусбатест, ки ҳар кадом аз 365 рӯзи сол дар ин тасвири кулл аз худ афзудааст.

Соли 2008 барои Тоҷикистон аз сардиҳои бесобиқа ва бадбахтона, пурқурбонии моҳи январ оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон чунин омор, ки сардӣ умри чанд нафарро ва чанд сол кӯтоҳ кард, вуҷуд надорад, вале ахбори он шабу рӯз ҳокии ҳалокати даҳҳо тифли навзод буд, то оне ки раисиҷумҳур дар мазҳари ом ба вазири энержӣ ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” барои ислоҳи вазъ 6 моҳ фурсат дод ва давлат дар роҳи рафти авоқиби сардӣ аз кишварҳои дигар ва аз ҷомиаи байналмилалӣ кӯмак хост.

Аз дигар таҳаввулоти мондагори сол шоеъоти баъдан радд шуда пиромуни сарнавишти раиси Ориёнбонк Ҳасани Асадуллоҳзода ва дар додгоҳи Лондон бо муомилаи тарафайн анҷом ёфтани даъвои чандсолаи байни ширкатҳои ТАЛКО ва Ансол, яке аз пурҳазинатарин мурофиаҳо дар таърихи додгоҳҳои Бритониё буд. Додгоҳе, ки бино ба хабарҳо, барои Тоҷикистони фақиру дастнигар беш аз 140 миллион доллар тамом шуд ва ба гуфтаи як мусоҳиби мо, расидан ба истиқолияти энержиашро дасти кам як соли дигар ба ақиб андохт.

Зери ин ҷумла намоиши тасвирӣ ва садоии ин гузоришро бишнавед.

Аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул ба ироаи маълумоти ғайривоқеъӣ муттаҳам шудани масъулони давлати Тоҷикистон ва дар пай ба пардохти пеш аз мӯҳлати 47 миллион доллар қарзи ин ниҳоди молӣ ва ҳама ба аудити байнулмилалии Бонки миллӣ ва ширкатҳои бузургаш –ТАЛКО ва Барқи Тоҷик розӣ шудани Душанбе низ гӯшае аз тасвири соли Тоҷикистонро зиннат медиҳад.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байнулмилалӣ имсол низ дар радифи кишварҳои худкома ва безор аз озодиҳои демократӣ омад ва нақше дигар дар ин тасвир аз саҳнаи сиёсии ҳамчунон аз рақобат тақрибан тиҳии кишвар ва аз интихоботҳои миёндавраие фароҳам шуда, ки ҳама бо пирӯзии танҳо номзади ҳизби ҳоким анҷом меёфт ва аҳзоби мухолиф дигар ҳатто хуши ширкат дар чунин маъракаҳоро надоштанд.

Соли ҷорӣ, зимнан бо се мавриди сиёсишудаи вуруди ба истилоҳ ҷангсолорони собиқ ба саҳна дар хотирҳо мемонад, ки яке задухӯрди байни ду воҳиди вазорати умури дохила дар ноҳияи Рашт дар моҳи феврал, дуввумӣ тазоҳуроти баҳор ва тобистони сол дар Хоруғ ва ахирӣ амалиёти вижа алайҳи Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ Лангарӣ Лангариев, дар поёни моҳи май дар шаҳри Кӯлоб аст. Дар ду мавриди аввал ҳатто дахолати мустақими раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва судури ду ҳукми алоҳидаи афв лозим шуд, то мушкил рафъ шавад.

Аммо баргардем ба тасвире, ки Тоҷикистон аз соли 2008 мебардорад. Дар ин тасвир ҳамчунин таҷлили пуршукӯҳ аз 1150-солагии падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳам ҳаст ва ҳам 70-солагии, ба истиснои матбуоти тоҷик, аз ёди боқӣ “фаромӯшшуда”-и Бозор Собир, ки то ҳол дар Амрико дар ғурбат ба сар мебарад.

Дар гӯшае аз ин наққошии сол бӯи бӯҳрони молиро ҳам мебинем, ки бо вуҷуди нодидагириҳои боисрори мақомот, инак дари Тоҷикистонро низ сахт мекӯбад. Шукргӯӣ аз коҳиши нархи орду гандум ва маводи сӯхт ҳам буду, нигаронӣ аз уфти башиддати қимати пахтаву алюминиум ва ҳам аз низ башиддат танг шудани ҷойи пойи мардикорони тоҷик дар бозори кори Русия, ки ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, маблағи муодили 36 дарсади даромади миллии Тоҷикистонро таъмин мекунанд.

Аммо иттифоқи ваҳшиёнае, ки шаби 5 ба 6 декабр дар ҷангалзоре дар ҳошияи Маскав рух дод, дар тасвири соли кишвар бо ранги баланди сурх мунаққаш шуда, ва ҳама нақшҳои дигари ин тасвирро зери сояи худ қарор додааст. Сари буридаи муҳоҷири 20-солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов ҳатто вазорати хориҷаи Тоҷикистонро маҷбур кард, ба сафорати Русия нотаи эътирозӣ навишта, аз сарнавишти атбоъи дар Русия мардикораш изҳори нигаронӣ кунад. Ба дунбол, омори пурдаҳшате ҳам нашр шуд, ки мегӯяд, танҳо дар соли 2008 дар Русия беш аз 600 муҳоҷири тоҷик ҳалок шудаанд. Яъне, ҳар рӯз тақрибан 2 нафар. Ва беш аз 80 нафари онҳо ҷабран ва асосан дар заминаи адовати қавмӣ кушта шудаанд.

Ва аммо Салоҳиддин. Ба назари таҳлилгарон, маросими таҳвил ва дафни ҷанозаи ӯ бояд бо ширкати раҳбарони аввали ҳам давлат ва
Аз раҳбарони аҳзоби мухолиф, ки сиёсати давлат дар масъалаи муҳоҷиратро ҳамеша ба боди шадиди интиқод мекашанд, касе ба пешвози ҷанозаи Салоҳиддини ҷавонмарг дар фурудгоҳи Душанбе ҳозир нашуд ва касе ҳам ба маросими дафни ӯ ба зодгоҳаш Шаҳритӯс нарафт
ҳам аҳзоби сиёсии кишвар мегузашт ва оғози як маъракаи густарда ба хотири ҳифзи ҷони дар хатари боқии муҳоҷирон мешуд. Аммо аз мақомоти масъули давлати Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз раҳбарони аҳзоби мухолиф, ки сиёсати давлат дар масъалаи муҳоҷиратро ҳамеша ба боди шадиди интиқод мекашанд, касе ба пешвози ҷанозаи Салоҳиддини ҷавонмарг дар фурудгоҳи Душанбе ҳозир нашуд ва касе ҳам ба маросими дафни ӯ ба зодгоҳаш Шаҳритӯс нарафт.


Таҳлилгарон мегӯянд, ба сурати умум, дар тасвири Тоҷикистони соли 2008, мутаассифона, рангҳои сиёҳу тира бартарӣ доранд. Ранги сиёҳ шояд бардошт аз он дасти кам 16 соат дар шабонарӯз низ аст, ки бахши аъзами қаламраваш дар фасли сармо ғарқи торикистон мешавад. Ва фаровонии рангҳои тира дар ин тасвир шояд ҳокии рӯзгори ҳамоно тираи мардум бошад, ки ҳатто бар асоси омори расмӣ, 53 дарсадаш ҳанӯз дар зери хатти фақр ба сар бурда, рӯзии ағлаби хонаводаҳо ҳамчунон аз мардикории пурмашаққат дар ғурбат ва асосан дар Русия ба даст меояд.

Вале рангҳои рӯшане низ ба сурати пароканда дар ину он гӯшаи ин наққошӣ чашми тамошобинро об медиҳанд. Рангҳое, ки масалан, аз пирӯзии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни “Интервидение” дар шаҳри Сочии Русия ва аз нишонҳои нуқра ва биринҷии паҳлавонон Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии Пекин ранг гирифтаанд. Ва ё об аз се чархаи аввали нирӯгоҳи Сангтӯда хӯрдаанд, ки имсол пайиҳам ба тавлиди нирӯи барқ оғоз карда, шиддати камбуди нирӯи барқ дар зимистони имсолро заррае сабуктар карданд ва шояд ҳамин ду соат барқи изофист, ки мардумро дар Тоҷикистон ба шукргӯӣ водор ва дар арафаи Соли нав ба ояндаи беҳтаре умедвор мекунад.
XS
SM
MD
LG