Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Укроин: 22 нафар кушта


Бар асари таркиши гоз дар як бинои шаҳри Евпаторияи минтақаи Қрими Укроин дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст.

Таркиш дар як бинои панҷтабақаи шаҳраки Евпатория дар каронаи Баҳри Сиёҳ рух дод. Бино ба хабарҳои расида, ин инфиҷор дар натиҷаи хуруҷи гоз ба вуқуъ пайвастааст.

Мақомоти Укроин мегӯянд, бими он меравад, ки шумораи афроди кушташуда бештар бошад. Ҷустуҷӯи сокинони зери овор монда идома дорад. 35 хонаи ин бино дар инфиҷор хароб шудааст.

Аз маҳалли ҳодиса нахуствазири Укроин Юлия Тимошенко ва раисиҷумҳури ин кишвар Виктор Юшенко дидан карданд. Президенти Укроин дар робита ба ин қазия рӯзи 26-уми декабрро рӯзи мотам дар ин кишвар эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG