Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили духтари чечен аз зиндон озод мешавад


Додгоҳи Руссия тасмим гирифтааст, ки Юрий Буданов-нахустин афсари ин кишварро, ки барои куштори як духтари чечен муттаҳам шуда буд, қабл аз хатми муҳлати ҳабс аз зиндон раҳо кунад. Додгоҳ гуфтааст, сабаби раҳоӣ ин аст, ки ин афсар аз кирдори худ пушаймон шудааст. Додгоҳи шаҳрии Уляновск номаеро асоси раҳоии афсар Юрий Буданов медонад. Буданов аз соли 2000-ум дар зиндон ба сар мебарад. Вай соли 2003 барои куштори Ҳидо Кунғаева-духтари 18 солаи чечен 10 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

XS
SM
MD
LG