Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҷаласаи вазирони иқтисоди ЭКО дар Теҳрон идома дорад

Имруз дар Теҳрон нишасти вазирони иқтисоди кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ё ЭКО ба кори худ идома медиҳад. Ширкаткунандагони нишаст роҳҳои коҳиши андозҳои гумрукӣ ҳангоми ҳамлу нақли коло миёни кишварҳои узвро баррасӣ ва дар робита бо он дар бораи ташкили ширкате санадҳои заруриро омода мекунанд. Дар ин нишаст ҳамчунин ҳамкориҳои бонкӣ, густариши ҳамкориҳои ширкатҳои хусусӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ баррасӣ мешвавад. Дар ЭКО 10 кишвар узвият доранд. Ирону Покистон, Туркияву Афғонистон ва шаш кишвари Шуравии собиқ, яъне Тоҷикистону Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Озарбойҷон. Нишаст рузи панҷшанбе ба поён мерасад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Трамп ба Русия ҳушдор дод, ки ба интихоботҳо дахолат накунад

Кохи Сафеди рӯзи сешанбе дар бораи мулоқоти президенти Амрико Доналд Трамп бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод.

Дар хабар омадааст, Трамп Маскавро аз ҳама гуна талоши дахолат кардан дар раванди интихоботҳои ИМА ҳушдор дод ва аз Русия даъват кард, ки низоъ бо Украинаро ҳал кунад.

Трамп ҳамчунин аз "назорати муассири ҷаҳонӣ дар мавриди силоҳсозӣ" истиқбол кард, ки на танҳо ба Русия, балки ба Чин ҳам бояд дахл кунад. Президенти ИМА ҳамчунин аз Москва хост, аз талошҳои Амрико дар мавриди монеъ шудан ба сохтани силоҳи ҳастаӣ дар Эрон пуштибонӣ кунад.

Сафари Лавров ба Вашингтон як рӯз баъд аз "нишасти нормандӣ" сурат гирифт. "Нишасти нормандӣ" рӯзи 9-уми декабр дар Париж байни Русия, Фаронса, Олмон ва Украина баргузор шуд, ки дар он роҳҳои ҳалли низои шарқи Украина баррасӣ гардид.

Рӯзи сешанбе ҳамчунин дар Вашингтон котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо Лавров мулоқот кард.

Помпео ва Лавров масоили гуногун, аз ҷумла аз силоҳи атомӣ пок кардани Куриёи Шимолӣ, тағйири ҳукумат дар Венесуэла, сулҳ дар Украина, инчунин дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА-ро баррасӣ карданд.

Вуруди вакили швейтсарии Гулнора ба Узбекистон манъ шуд

Додситонии кулли Узбекистон 10-уми декабр хабар дод, ки тасмим гирифт ворид шудани вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова -- Грегуар Манжа (Gregoire Mangeat)-ро ба ҳудуди ин кишвар манъ кунад.

Ба иттилои додситонӣ, Грегуар Манжа гӯиё дар бораи зиндонҳои Узбекистон маълумоти дурӯғ паҳн кардааст.

"Ваколати вакили дифои хориҷии Гулнора Каримова, ки аз сӯи мақомоти Швейтсария дода шудааст, ба парвандаи марбут ба Каримова дар он кишвар маҳдуд мешавад ва ҳузури ӯ дар Узбекистон танҳо бо дархости мақомоти Швейтсария имконпазир шуда буд", -- афзудааст додситонӣ.

Дар изҳороти додситонӣ гуфта шудааст, ки хонаводаи Гулнора Каримова вакили нави дифоъро киро кардаанд ва ӯ иҷозати фаъолият дар Узбекистонро дорад.

Духтари Гулнора Каримова -- Имон Каримова, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм маълумоти наверо дар бораи парвандаи модараш нашр кард. "Муфаттиш Расул Юлдошев аз вилояти Бухорои Узбекистон ҳоло бо равишҳои касбкардаи худ талош дорад ба Гулнора Каримова фишор орад ва ҳар бор ӯро бо фарзандонаш таҳдид мекунад. Додгоҳи низомӣ Юлдошевро соли 2018 дар латту кӯб, шиканҷа ва куштори соҳибкори бухорӣ Илҳом Ибодов айбдор донист. Зидди ӯ ва "ҳамсафонаш" таҳти рақами 08/26616-18 парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд", - навиштааст Каримоваи хурдӣ.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Ӯзбекистон ҷавоби рад додаанд. Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро "сиркбозии сиёсӣ" номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Посухи Сироҷиддин Муҳриддин ба мушкили аккредитатсияи хабрнигорони Озодӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел. 10-уми декабри соли 2019

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел ба суолҳо дар бораи мушкили аккредитатсия ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ посух дод. Ҳоло 11 хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ дар Душанбе аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, “имсол ду дафъа бо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мулоқот доштем. Моҳи октябр эътиборномаи ҳафт хабарнигор ва корманди фаннии Бахши Тоҷикии Радиои Озодиро тамдид кардем. Чаро ин вақти фарқкунанда гирифт ва шабеҳи дигар кишварҳо нест? Барои он ки муқаррароти кишвар чунин аст. Ҳар кишвар муқаррароти худро дорад."

Рӯзи 31-уми октябр, пас аз баёнияҳои бешумори созмонҳои байнулмилалӣ ва ватанӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 6 хабарнигор парвонаи нимсола ва ба як нафар семоҳа дод. Мудирияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дода шудани ин ҳафт парвонаи корро "назарфиребӣ" номид.

Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи суҳбаташ дар бораи аккредитатсияи хабарнигорон ба вазъи амниятӣ дахл кард ва гуфт, “Шумо медонед, мо рӯбарӯ бо Афғонистоне ҳастем, ки аз он ҷо мушкилоти зиёде таҳдид мекунад. Ва шумо медонед, ки дар муддати кӯтоҳи истиқлоли худ мо ҷанги шаҳрвандӣ доштем ва омилҳои зиёди дигаре ба амният ва суботи кишвар таъсир мекунанд. Аз ҳамин сабаб нақши васоити ахбори ом дар кишвар хеле муҳим аст. Ва журналистон ва намоянагони матбуот бояд ҳамаи фаъолиятҳои худро дар доираи қонунҳои мавҷудаи миллӣ анҷом диҳанд.”

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон нагуфт, ки кай ба хабарнигорону кормандони фаннии Радиои Озодӣ парвонаи кор дода хоҳад шуд, вале афзуд, “мо бо хабарнигорон ва намояндагони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аллакай баҳсҳо кардем ва бо онҳо бисёр ҳамкории мусбат дорем. Мо беҳтарин талошамонро барои ҳамкории беҳтари оянда бо ин радио хоҳем кард."

Дар оғози моҳи ноябри имсол президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз охирин манбаъҳои хабарии мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо тақрибан 900 000 обуначӣ ва 200 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон

Ҳайатҳои Туркия, Эрон ва Русия рӯзи 10-уми декабр барои ширкат дар гуфтугӯҳои сеҷонибаи сулҳи Сурия вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.

Ин гуфтугӯҳо, ки ба ҳалли ҷанги ҳаштсолаи Сурия бахшида шудааст, таҳияи конститутсияи баъдиҷангӣ, нақшаи гузариши сиёсӣ, амният ва баргардонидани фирориёнро дар бар мегирад.

Нишасти охири шаҳри Нурсултон 14-умин даври гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Қазқоистон аст. Нахустин нишасти мазкур моҳи январи соли 2017 дар Туркия баргузор шуда буд.

Санат Кушкумбоев, муовини мудири Институти таҳқиқотҳои стратегии Қазоқистон пештар аз ин гуфта буд, ки дар мулоқот "масоили техникӣ дар шимоли Сурия, дар минтақаи Идлиб ва дар соҳили Фурот" баҳс мешавад. "Гап дар бораи густариши созишномаҳои пешин меравад. Ин минтақаҳои ҳассосеро дар бар мегирад, ки боқимондаҳои "Давлати исломӣ", туркҳову курдҳо онҷо ҳузур доранд", - афзуд вай.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Нурсултон имрӯз низ давом мекунанд.

Таркиш дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми декабр ду мошини пур аз маводи тарканда дар назди пойгоҳи Багром -- бузургтарин пойгоҳи низомиёни ИМА дар Афғонистон, мунфаҷир шуд, ки боиси маҷрӯҳ гардидани ҳади ақал 5 нафар шуд.

Раиси ноҳияи Багром, Ҳоҷӣ Абдулшукур Қуддусӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки мошинҳо дар деҳаи Ҷон Қадам, воқеъ дар канори пойгоҳи Багром таркидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи таркиш як постгоҳи амниятӣ тахриб шуд ва баъд аз он ҷангҷӯён тавассути девори шикаста ба постгоҳ ворид гардида, бо нерӯҳои давлатӣ бархӯрд намуданд.

Намояндаи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ҳамла ба як иншооти тиббӣ осеб расонидааст, ки барои муоинаи мардуми афғони сокини ноҳияи Багром сохта шудааст. Ин сухангӯ афзудааст, ки ҳамла ба зудӣ хунсо шуд, вале иншооти тиббӣ зарар дид.

Дар ҳамин ҳол, генерал Маҳфуз Вализода, раиси пулиси вилояти шимолии Парвон гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла, як корвони низомии ИМА будааст. То ба ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта нерӯҳои ИМА ва НАТО дар минтақаи Багром борҳо мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.

Эрдуғон гуфт, омодааст ба Либия нерӯ фиристад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Анқара аз ҳузури зархаридони "ширкати низомии хусусии Вагнер"-и Русия дар Либия хабар дод.

"Дар мавриди ҷойгиршавии низомиён дар Либия метавон гуфт, ки "Вагнер"-и Русия одамони худро ба онҷо фиристодааст. Агар Либия аз мо низ чунин дархостро бикунад, мо ҳам низомиёни худро хоҳем фиристод",-иқтибос овардааст Бӣ-Бӣ-Сӣ аз суханони Эрдуғон.

Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Муаммар Қазофӣ дар соли 2011 дар Либия ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нерӯҳои "Артиши миллии Либия"-и генерал Халифа Ҳафтар пойтахт - шаҳри Триполиро ба муҳосира гирифтаанд, ки дар дасти Ҳукумати созиши миллии аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда қарор дорад.

Ба гуфтаи чандин манбаи муътамад, ҷангиёни ширкати хусусии низомии Русия - "Вагнер" ба ҷонибдорӣ аз генерал Ҳафтар меҷанганд. Русия иштироки худро дар ҷанги Либия рад мекунад.

Пешниҳоди бекорсозии сабти номи хориҷиҳо дар Узбекистон

Дар Узбекистон пешниҳод доранд, ки бақайдгириро барои шаҳрвандони хориҷӣ бекор кунанд. Қоидаи нав аз 1 июли соли 2020 ба иҷро медарояд.

Тарҳи қарори президенти Узбекистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ барои баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти ҷорӣ дар бахши сайёҳӣ" аз сӯи Кумитаи давлатии сайёҳии Узбекистон таҳия ва барои баррасии ом то 24 декабр пешниҳод шудааст.

Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ба муҳлати низоми раводид (бераводид) бекор карда мешавад ва ин муҳлат на бештар аз 30 рӯзи корӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин барои рифоҳи сайёҳон дар назди тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Узбекистон минтақаи зербиноии сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Фурудгоҳҳо вазифадоранд, ки то охири соли 2020 дар масоҳати 5 ҳектар замин таваққуфгоҳ, қаҳвахона, тарабхона ва меҳмонхонаҳо бунёд кунанд.

Демократҳо Трампро бар асоси ду банд айбдор медонанд

Раҳбари ҷиноҳи аксарияти демократҳо дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ рӯзи сешанбе гуфт, бо ду иттиҳом - сӯистифода аз мақом ва монеи адолат шудан, ба изҳори нобоварӣ барои президент Доналд Трамп талош хоҳад кард.

Қарор аст, масъалаи эъломи айб зидди Трамп бар асоси ду банди мазкур ҳафтаи равон дар Кумитаи ҳуқуқи Маҷлиси Намояндагони ИМА барои раъйгирӣ пешниҳод шавад. Агар кумита онро ҷонибдорӣ кунад, пас барои раъйгирии умумӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мешавад. Демократҳо дар Маҷлиси Намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд ва бинобар ин, ба эҳтимоли зиёд эъломи нобоварӣ ба Трамп ҷонибдорӣ хоҳад шуд.

Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як суҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси Намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст.

Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут аст. Кохи Сафед гувоҳӣ додани як қатор кормандони калидии худро дар ин замина манъ кард.

Худи президент ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ҳеҷ гуна қонуне поймол нашудааст ва демократҳо бо ангезаҳои сиёсӣ мехоҳанд ӯро аз мақом барканор кунанд.

Талаби риояи "қоидаи либоспӯшӣ" аз туркманҳо ҳини рафтан ба театр

Кормандони муассисаҳои давлатии шаҳри Туркманобод вазифадор шудаанд, ки ба тамошои намоишномаҳои Театри давлатии драмавии ба номи Сайидназар Сейдӣ бираванд ва ҳамзамон қоидаҳои либоспӯширо риоя кунанд.

"Корхонаҳои гуногуни давлатӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи Туркманобод ва ноҳияҳои дигар кормандони худро вазифадор кардаанд, ки билет харидорӣ карда, ба тамошои намоишномаҳои "Дояхотун" ва "Довлетлӣ Довран"-и Театри давлатии ба номи Сайидназар Сейдӣ бираванд",-иттилоъ дод як манбаъ аз ноҳияи Лебап.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, театрравӣ барои туркманободиҳо дар баробари 20 манат пули билет харҷи дигар низ дорад. Аз буҷавиҳо талаб доранд, ки қоидаи либоспӯширо риоя карда, либоси нави дорои ранги махсус ба бар кунанд.

"Ин гуна либос барои занон беш аз 200 манат ва барои мардон ҳудуди 800 манат меистад",-афзуд хабарнигор. (Қурби расмии 1 доллар дар Туркманистон 3,5 манат аст).

Суқути ҳавопаймои низомии Чилӣ бо 38 сарнишин

Дар Чилӣ ҳавопаймои низомии борбари C-130 Hercules суқут кард. "Ин ҳавопаймо ба пойгоҳи низомии Чилӣ дар Антарктида парвоз мекард",- хабар доданд мақомоти Чилӣ субҳи 10-уми декабр.

Дар ҳавопаймо 17 узви экипаж ва 21 мусофир ҳузур дошт. Ҳавопаймо аз шаҳри Пунта-Аренаси Чилӣ парвоз кард ва тақрибан баъди 1 соату 15 дақиқаи парвоз аз радарҳо нопадид шуд. Талошҳои барқарор кардани робита бо ҳавопаймо бебарор анҷом шуд. Ҳавопайморо халабони ботаҷриба идора мекард.

Мақомоти Чилӣ гуфтанд, низомиён ва наҷотдиҳандагон "корҳои ҷустуҷӯиро дар минтақаи тангнои Дрейка идома медиҳанд, ки ҳавопаймо онҷо нопадид шуда буд".

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба "Ишқобод"-ро шарҳ дод. ВИДЕО

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми нишасти хабарӣ дар Брюссел

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳамлаи моҳи ноябр ба посгоҳи "Ишқобод" занону кӯдакон кушта шуданд. Ин ҷавоби дипломати баландпояи тоҷик ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр баъд аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел садо дод.

"Гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла кард. Онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуданд. Дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа, ин гурӯҳ безарар гардонида шуд. Панҷ нафар боздошт гардид. Онҳо дар ҳабсанд. Сохторҳои ҳифзи қонун ҳам хисороти ҷонӣ диданд. Мутаассифона, террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд. Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд," – шарҳ дод вазири умури хориҷии Тоҷикистон.​

Видеоро дар инҷо бинед:

Вазири тоҷик ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта баъзе аз ин иттилоъро дар ихтиёри расонаҳо гузошта буданд, ки ба ҷойи қаноатмандӣ суолҳои зиёди сокинону коршиносонро ба вуҷуд оварда буд.

Ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон шаби 6-уми ноябр иттифоқ афтод. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад.

Охири моҳи ноябр Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ин афрод тақрибан як моҳ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ зистаанд.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҳодиса мақомоти давлатии Тоҷикистон ҷараёни воқеаро баён накардаанд ва баръакс аксҳоеро, ки рӯзи аввал нашр намуда буданд, пок карданд.

Хабарҳо дар бораи ҳодиса аз манобеи гуногун пароканда ва ба даст меояд ва фарзияҳое матраҳ мешаванд, ки хабари расмиро зери суол мегузоранд.

Дар бораи ин ҳодиса бештар бихоонед:

Баъзе ҷузъиёти ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи "Султонобод". ВИДЕО, САДО

Бозтоби ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар матбуоти хориҷӣ

Намояндаи КДАМ: Баъзе тафсилоти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод". САДО, ВИДЕО

"Президент аз ғафлати низомиён интиқод кард". Дар Шӯрои амният чӣ гузашт?

Отамбоев нахост, аз ташхиси равонӣ гузарад

Вакилони порлумони Қирғизистон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина аз ташхиси судиву равонӣ гузаштанд. Дар ин бора Асел Кодуранова хабар дод.

Мақомоти Қирғизистон пештар аз ин хабар доданд, ки гумонбарони парвандаи гаравгонгирӣ ва ташкили бетартибиҳо дар деҳаи Кой-Тоши Қирғизистон аз ташхиси судӣ-равонӣ хоҳанд гузашт. Ба огаҳии ВКД Қирғизистон, дар доираи ин парванда 16 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд, ки дар анҷоми ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсус айбдор мешаванд.

"Ин талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноӣ аст. Замоне ки шаҳрванд дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор мешавад, чунин ташхис таъйин мегардад. Шаҳрванд метавонад, аз ин ташхис даст кашад. Дирӯз президенти пешин Алмосбек Отамбоев даст кашид. Вай аз ҳамон оғоз аз ҳамкорӣ бо тафтишот худдорӣ карда буд. Мо бо Ирина Карамушкина ҳамеша таъкиб мекунем, ки бояд қонунҳоро риоя кунем, аз ҳамин хотир мо розӣ шудем, ки аз ташхис гузарем. Вақти зиёдро нагирифт ва дар шакил муколама анҷом шуд. Чанд табиб суол доданд", - гуфт Асел Кодуранова.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоева, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ва дигаронро ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар ҳоли ҳозир роҳбари пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ҷонибдорони президенти пешин Алга Киличов, Кияз Смаилов ва Амантур Жамгирчиев бо гумони ғасби шаш корманди мақомоти Қирғизистон дар боздошт ҳастанд. Ба айни ҳамин гумон вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

Чанд фаъоли қазоқро дар остонаи эътирозҳои эҳтимолӣ боздошт карданд

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон ду фаъоли шаҳрвандӣ - Гулмира Холиқова ва Галия Тамабоеваро 10-рӯзӣ ва як фаъоли дигар - Марат Мусобоевро 15 рӯз ҳабс кард. Ба иттилои фаъолон, ҳамаи ин се ҳабсшуда дар вайрон кардани тартиби ташкили ҷамъомадҳои сулҳомез айбдор шуданд.

Ба гуфтаи фаъолон, Холиқова ва Тамабоева охири моҳи ноябр дар макони баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштаанд. Он замон ширкатдорони гирдиҳамоӣ аз дипломатҳои аврупоӣ даъват карда буданд, ки аз мақомоти Қазоқистон риоя кардани ҳуқуқи инсонро талаб намоянд. Ба ин тартиб, Мусобоева бо он айбдор шуд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сокинонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват кардааст.

Фаъоли шаҳрвандӣ Салтанат Тулегенова, ки низ дар гирдиҳамоии назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ширкат дошт, 9 декабр боздошт ва бо мошин бурданд. Холиқова аз идораи пулис ба наздиконаш хабар дод, ки ӯро барои ширкат дар гирдиҳамоии рӯзҳои 26-27 ноябр 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд.

Фаъолони қазоқистонӣ мегӯянд, боздошт ва ҳабси се фаъол дар ҳоле рух медиҳад, ки эҳтимол меравад, ба наздикӣ дар Қазоқистон эътирозҳои нав ташкил шавад.

Дар Узбекистон хизматчиёни давлатиро аз бюрократия "наҷот" медиҳанд

Академияи идораи давлатии назди президенти Узбекистон дастур гирифтааст, ки роҷеъ ба решакан кардани бюрократия барои кормандон ва раҳбарони муассисаву ниҳодҳои давлатӣ курсҳоеро ташкил кунад. Иштирок ҳатмӣ ва омӯзиш пулакӣ аст. Дар ин бора дар фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта шудааст.

"Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар вазорату ниҳодҳо ва мақомоти иҷроияи давлатӣ ҳанӯз ҳам равишҳои куҳнашудаи бюрократӣ боқӣ мондаанд",- омадааст дар фармони Мирзиёев.

Барои таҳияи барномаи омӯзишӣ ду моҳ ҷудо шудааст. Дар давраҳои омӯзишӣ технологияи идораи вақт ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи он (time management) омӯзонида мешавад.

Тазоҳуроти занони Узбекистон дар эътироз ба камбуди газ

Дар маҳаллаи Чигатойи ноҳии Шовоти Узбекистон як гурӯҳи занон 9-уми декабр дар эътироз ба камбуди газ роҳ ба сӯи ҳукумати ноҳияро барои чанд соат бастанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа кормандони пулис занони эътирозгарро пароканда карданд.

Худи он рӯз масъулони идораи гази Шовот ба додситонии ноҳия даъват шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ягон хел эътирозе сурат нагирифтааст.

Ҳодиса субҳи 9-уми декабр дар наздикии бинои ҳукумати ноҳияи Шовот рух додааст. Дар аксҳое, ки шоҳидон фиристоданд, дида мешавад, 7 зан дасти ба даст дар миёни роҳи мошингард рост истодаанд.

Яке аз сокинони ин маҳалла гуфт, занон дар эътироз ба норасоии газ роҳро бастанд.

Дар минтақаҳои гуногуни Узбекистон тайи ду ҳафтаи ахир дар робита ба норасоии газ чандин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи "Қуштепа" 28-уми ноябр роҳи мошингардро бастанд.

Рӯзи 1-уми декабри соли равон сокинони маҳаллаи Бустон низ дар Қарақалпоқистон барои чанд соат кӯчаи "Узбекистон"-ро баста буданд.

Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав даргузашт

Собиқ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков имрӯз дар синни 83-солагӣ даргузашт. Манбаи Интерфакс гуфтааст, ки Лужков дар ҳалқаи азизонаш “дар Аврупо даргузашт”.

Телевизиони РЕН ТВ гуфт, ки Лужков дар як беморхонаи шаҳри Мюнхени Олмон буд ва ба ҳангоми амалиёти ҷарроҳии дил даргузашт.

Хабари даргузашти Лужковро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳам тасдиқ кард. Собянин дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт, ки "як инсони пурэнержӣ ва зиндадил, ки Маскавро дар як марҳилаи бисёр сангини баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбарӣ кардааст ва барои Маскаву сокинонаш заҳмати зиёд кашидааст, даргузашт. Ба наздиконаш тасаллият баён мекунам". Сафорати Русия дар Берлин ҳам ба матбуоти русӣ тасдиқ кардааст, ки Лужков дар як беморхонаи Мюнхен даргузашт.

Лужков солҳои 1992 то 2010 мири шаҳри Маскав - пойтахти Русия буд. Соли 2010 ӯ бо як қарори президент Дмитрий Медведев аз мақомаш барканор шуд. Дар қарор гуфта шуд, ки Лужков "бо сабаби аз даст додани боварӣ" барканор мешавад.

Бо вуҷуди иттиҳомоти зиёд дар заминаи олуда ба фасоду коррупсия буданаш, Лужков дар миёни сокинони Маскав хеле маъруф буд.

Вале баъди барканор шуданаш ӯ аз мазҳари ом дур шуд ва соли 2016 президенти Русия Владимир Путин ӯро бо нишони давлатии "барои хидмат ба ватан" қадрдонӣ кард.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистону Аврупо дар Брюссел

Акс аз бойгонист

Рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин раҳбарӣ дорад. Аз Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷаласа Гордан Грлич Радман, вазири умури хориҷа ва умури аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ба намояндагӣ ширкат хоҳад кард.

Дар хабари расмии Шӯрои Аврупо гуфта шудааст, ки ҷаласа дар чаҳорчӯби стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки моҳи июни имсол қабул шуд. Дар ин ҷаласа масоили марбут ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши ҳукумати қонун, риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ баррасӣ мешавад.

Инчунин, қарор аст, ҳайатҳо вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, тиҷорати дуҷониба, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва масоили мубориза бо фасодро матраҳ кунанд. “Масоили минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ дар меҳвари гуфтугӯҳои ду ҳайат қарор мегирад,” -- гуфта шудааст дар изҳороти расмӣ.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион евро кумак кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудааст.

Бар асоси стратегияи пешини ИА барои Осиёи Марказӣ дар давоми 7 соли гузашта ба тамоми кишварҳои минтақа дар ҳаҷми 1 миллиард евро кумаку барномаҳо ироа шудааст ва интизор меравад, бар асоси стратегияи нав ин ёриҳо афзоиш ёбанд.

Дар як тирандозӣ дар беморхонаи Чехия шаш нафар кушта шуд

Полиси чех атрофи бемористонро иҳота карда ба ҷустуҷӯи қотил идома медиҳад

Мақомоти Чехия гуфтанд, ки дар як тирандозӣ дар дохили беморхонаи шаҳри шарқии Острава шаш нафар кушта шуд ва қотили гумонбар фирор намуд. Полиси чех гуфт, ки тирандозӣ субҳи 10 декабр дар беморхонаи донишгоҳи Острава, 350-километрии шарқи Прага рух дод. Дар як изҳороти телевизиониаш Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия гуфт, “ин як фоҷеа аст. ман ҳатто намефаҳмам, ки ин чист”. Бабиш дар идома гуфт, “феълан ман иттилои зиёд надорам. Медонам, ки чор нафар дар ҷои ҳодиса ҷон доданд ва ду нафари дигар, ки ҷароҳати сангин бардошта буданд, баъдан даргузаштанд”. Раиси бемористон Йиржи Ҳаврлант гуфт, ки тирандозӣ дар бахши шикастабандии беморхона рух дод ва баробари рӯй додани ҳодиса дар беморхона ҳолати фавқулодда ҷорӣ ва тамоми маҳалли бемористон баста шуд. Кормандони беморхона дар дохили утоқҳои худ қарор гирифта, полис ба ҷустуҷӯи шахси қотил шурӯъ кард. Полис гуфт, ки тадбирҳои амниятӣ дар саросари кишвар шадидтар мешавад.

Дар Тошканд ронандаи маст аз тири нозири роҳ захмӣ шуд

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон нозири роҳ як ронандаи мастро парронд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Тошканд хабар доданд. Ҳодисаи мазкур шоми 7 ба 8 декабр дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд рух дод.

"Эҳтимол мерафт, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дорад. Нозири роҳ мехост, ба далели вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ нисбати ронанда санад тартиб диҳад. Вале ногоҳ ронанда ба муқовимат гузашта, бо корде ки дар даст дошт, таҳдид мекард, ҳар кӣ ба наздаш ояд, ҳамла хоҳад кард",-хабар медиҳанд мақомот.

"Одамони зиёде ҷамъ шуданд. Ин замон нозири роҳ тасмим гирифт, ки ӯро аз пояш маҷруҳ созад. Танҳо маҷруҳ шудан ронандаро водор кард, ки кордро ба замин партояд. Ёрии таъҷили ронандаро ба бемористон бурд",- омадааст дар хабари мақомот.

Аз дохили мошини ронанда шишаи шароб пайдо шудааст. Ронанда сокини ноҳияи Шайхонтаҳур Нусрат И., 43-сола аст, ки пештар аз ин зиндонӣ шудааст.

Эътирози Туркия ба тақдими ҷоизаи Нобел ба Петер Ҳандке

Петер Ҳандке

Мақомоти Туркия мегӯянд, ба Албания ва Косово ҳамроҳ шуда, рӯзи 10-уми декабр дар маросими тақдими ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт ба Петер Ҳандке аз Австрия ширкат намеварзанд. Ҳандкеро ба пуштибонӣ аз раҳбари пешини Сербия Слободан Мелошевич муттаҳам мекунанд.

Сафири Туркия дар Шветсия Ҳаққӣ Эмре Юнт дар суҳбат бо нашрияҳои туркӣ гуфт, 10-уми декабр намояндагони Туркия дар маросими тақдими ҷоизаи Нобел дар Стокҳолм иштирок намеварзанд. Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз ду ҳамоиши мухолифини Ҳандке дар пойтахти Шветсия баргузор шавад.

Ғолиби соли 2019-и ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Петер Ҳандке соли 1942 таваллуд шудааст. "Тарси дарвозабон пеш аз зарбаи 11-метрӣ" ва "Бозгашти батадриҷ ба хона" асарҳои бисёр машҳури Ҳандке ҳастанд. Вай ҳамчунин муаллифи филми Вин Вандерс "Осмони Берлин" мебошад.

Ҷоизаи Нобел, ки аз соли 1901 тақдим мешавад, то ҳол тақрибан 600 дафъа тақдим шудааст. 908 шахсият ва 27 созмон барандаи ин ҷоиза шудаанд.

Вазъи рӯҳии Алмосбек Отамбоевро ташхис мекунанд

Алмосбек Отамбоев

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфттанд, президенти собиқ Алмосбек Отамбоев аз муоинаи пизишкони рӯҳӣ хоҳад гузашт.

Вазорат рӯзи 9-уми декабр иброз дошт, ки табибони рӯҳӣ ё психиатрҳо бояд вазъи равонии Отамбоев ва 15 муттаҳами дигар дар бархӯрдҳои дурӯзаи моҳи август миёни тарафдорони Отамбоев ва нерӯҳои амниятро таҳқиқ кунанд.

Собиқ президенти Қирғизистон 8-уми августи имсол баъди бархӯрд таслим шуд.

Муқовимат бо Отамбоев замоне оғоз шуда буд, ки се дафъа ба бозпурсии Вазорати умури дохилӣ наомад. Вазорат ӯро ба фасод ва раҳоии ғайриқонунии раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мекард.

Дар бархӯрдҳои дурӯзаи тарафдорони Отамбоев ва нерӯҳои амниятӣ як нафар кушта, 170 кас, аз ҷумла 79 афсари амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Раҳоии як фаъоли "Гурӯҳи 24" пас аз 5 рӯзи боздошт дар Русия

Мақомоти Русия як фаъоли созмони сиёсии дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи "Гурӯҳи 24"-ро пас аз панҷ рӯзи боздошт, озод карданд. Хурсанд Наҷмиддинов рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Хадамоти марзбонии Русия дар фурудгоҳи Внуково боздошт шуда буд.

"Гурӯҳи 24" дар баёнияе, ки рӯзи душанбеи 9-уми декабр нашр кард, гуфт, ки Хурсанд Наҷмиддинов бинобар рӯйхати пешниҳодкардаи мақомоти тоҷик боздошт шуда буд. Тибқи баёнияи "Гурӯҳи 24, баъд аз 4 рӯзи баррасии парванда, додгоҳ ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ "беқайду шарт озод намуд". Ин гурӯҳ боздошти ӯро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" гуфта буд.

Ин баёния мегӯяд, барои раҳоии Хурсанд Наҷмиддинов вазорати умури хориҷии Австрия ҳам талош кардааст. Намояндагони "Гурӯҳи 24" мегӯянд, ӯ аз соли 2016 дар Австрия ҳаққи паноҳандагӣ пайдо кардааст.

Назари мақомоти тоҷик дар робита ба боздошт ва раҳоии Хурсанд Наҷмиддинов маълум нест. Мақомоти Русия ҳам нагуфтанд, ки ин фаъоли сиёсии тоҷик чаро боздошт ва сипас раҳо карданд.

"Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Ӯ баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Русия барои 4 сол аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд

WADA ё Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ дар ҷаласаи рӯзи 9 декабри худ қарор кард, ки Русия ба мӯҳлати чор сол аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва ҳам мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишӣ маҳрум мешавад. Ҳанӯз вокуниши Русия ба ин тасмим маълум нест.

Моҳи гузашта аъзои ин оҷонсӣ пешниҳод карданд, ки Русия барои чор соли дигар аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишӣ, аз ҷумла, олимпиадаи соли 2020-и Токио маҳрум шавад. Мутахассисони WADA гуфтанд, ки дар иттилои аз ҷониби озмоишгоҳ ба унвонии оҷонсӣ пешниҳодшуда бархе "номувофиқатҳо" ошкор шуд.

Русия соли 2014 дар робита бо моҷарои азими допингӣ бадном шуд ва як таҳқиқоти байналмилалӣ собит кард, ки дар сатҳи давлати Русия сиёсати истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон ба хотири таъмини кишвар бо медалҳои олипмӣ ба роҳ монда шудааст. Сентябри соли 2018 WADA таҳрими сесолаи оҷонсии зиддидопингии "Русада"-ро шартан бекор кард ва гуфт, ки Русия бояд ин оҷонсиро бо намунаҳои солҳои 2012 то 2015-ум таъмин кунад.

Вале Кумитаи мутобиқат ба бозбиниҳои шикоятҳои WADA рӯзи 25 ноябр дар бораи аз ҷониби як озмоишгоҳи Маскав дар моҳи январ сохтакорӣ шудани бархе маълумот хабар дод ва пешниҳод кард, ки "Русада" ба мӯҳлати чор соли дигар таҳрим шавад ва худи кишвар аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои варзишии азим маҳрум шавад.

Ороиши солинавии шаҳрҳои Туркманистон аз ҳисоби сокинон

Дар вилоятҳои Марӣ ва Лебапи Туркманистон барои ороишҳои солинавӣ аз кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишомӯзони макотиб маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

"Дар Марӣ талаб доранд, ки дар назди ҳар як корхона арчаи солинавӣ насб карда шавад. Ин арчаҳо бояд то охири ҳафтаи равон насб гарданд. Ҳоло барои онҳо аз ҳар як коргар 10-манатӣ ҷамъ мекунанд",-гуфт як манбаи мо аз вилояти Марӣ.

Дар шаҳри Марӣ асосан аз кормандони бемористону мактабҳо ва хонандагон пул ҷамъ мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Туркманобод на танҳо барои ороиши зоҳирии биноҳои мактаб, балки барои синфхонаҳо низ пул талаб мекунанд. "Аз хонандагони мактабҳои рақами 1, 2 ва 7 то 100 манат ҷамъ кардаанд. Аз баъзе хонандагони аз хонаводаҳои доро то 2000 манат ҷамъ кардаанд",- иттилоъ дод хабарнигор бо истинод ба волидони хонандаҳо.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари мақомоти Туркманистон дар ин замина бенатиҷа буданд.

Саммити "шакли нормандӣ" дар Порис: ҷонибҳо розӣ шуданд, боз вохӯранд

Дар шаҳри Порис рӯзи душанбе саммити "шакли нормандӣ" мулоқоти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина баргузор шуд. Мавзуи меҳварии вохӯрӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина буд.

Гуфтугӯи раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина то нимашаб идома ёфта, дар охир нишасти хабарии муштараки онҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо мулоқоти алоҳида низ анҷом доданд. Раҳбарони Русия ва Украина -- Владимир Путин ва Владимир Зеленский бори нахуст мулоқот карданд.

Ҷонибҳо иҷрои Созишномаи Минск дар бораи ҳалли низои Донбассро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки иҷрои низоми оташбас бояд то охири соли 2019 таъмин карда шавад.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамчунин табодули ҳамаи боздоштшудаҳоро то охири соли равон баҳс карданд. Зеленский гуфт, барои ин кор бояд рӯйхати ҳамаи табодулшавандаҳоро тартиб дод.

Раҳбарони 4 кишвар розӣ шуданд, ки шакли баргузории интихоботҳои маҳаллиро дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон чаҳор моҳ баъд дар мулоқоти ояндаи худ баррасӣ мекунанд. "Мо барои ҳалли низоъҳои шадид ирода дорем",-гуфт садри аъзами Олмон Ангела Меркел.

Дар охири нишаст ҷонибҳои эъломияи муштаракеро имзо карданд, ки пойбандияшонро ба созишномаи Минск дар асоси гуфтугӯҳои оянда таъйид мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Тоҷикистонро бо Сингапур муқоиса накунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00
XS
SM
MD
LG