Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як гурӯҳи сайёҳони рус


Бар асари садамаи автобус дар Миср 7 сайёҳ аз Русия ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин фоҷиа дар ҷануби нимҷазираи Синай, дар 15 километрии шаҳраки фароғатии Даҳоб рух дод. Тибқи иттилоъи пешакӣ, сайёҳон аз тамошои шаҳри Байтулмуқаддас бармегаштанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки садама бар асари обу ҳавои номусоид рух додааст ва аммо фарзияи суръати аз ҳад баланди автобус низ тафтиш мешавад.

Соли равон бори саввум аст, ки садамаи автобус дар Миср ба риштаи умри сайёҳони хориҷӣ миқроз мезанад. Аз ин пеш дар ҳамин гуна ҳодисаҳо се шаҳрванди Италия ва 7 сокини Белгия ба ҳалокат расида буданд.

Ҳафтаи гузашта бар асари садамаи автобус дар Исроил 26 корманди ширкатҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG