Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ва ИМА коршарики дарозмуддат мешаванд


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида созишномаи ҳамкориҳои дарозмуддатро омода мекунанд, ки қарор аст, равобити ду кишварро ба "сатҳи комилан нав" бардорад. Телевизиони Гурҷистон хабар дод, ки мумкин аст, ин созишнома то поёни сол ба имзо расад. Паймони дарозмуддат шабеҳ ба санаде хоҳад буд, ки Вошингтон ҳафтаи гузашта бо Укроин имзо кард ва он таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи коршарикиро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG