Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз эҳтимоли қатъи нақли газ ба Аврупо ҳушдор медиҳад


Русия мегӯяд, баҳси миёни корхонаи давлатии Газпроми он ва ҳукумати Укроин метавонад, ба қатъ шудани интиқоли муназзами газ ба Аврупо сабаб гардад. Ноиби аввали сарвазири Русия Виктор Зубков имрӯз дар ин бора як изҳорот нашр кард. Газпром даъво дорад, ки ширкати давлатии гази Укроин "Нафтогаз" аз Газпром 2 миллиарду чаҳорсад миллион доллар қарздор аст. Мақомоти Русия мегӯянд, агар ин вом пардохт нашавад, нархи газ боло бурда хоҳад шуд ва ҳамчунин интиқоли он қатъ хоҳад гашт. Мақомоти Укроин гуфтаанд, баҳс ба зудӣ ҳал хоҳад шуд, то маҷрои интиқоли газ ба Аврупоро халалдор накунад.
XS
SM
MD
LG