Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди пешвои Фаластин аз Чеченистон


Маҳмуд Аббос (дар байн): "Русия Фаластин набудааст!.." (Аз чап - Р. Кодиров)
Маҳмуд Аббос (дар байн): "Русия Фаластин набудааст!.." (Аз чап - Р. Кодиров)

Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос 21-уми декабр сафари серӯзааш ба Русияро аз дидори ҷумҳурии Чеченистон оғоз кард.

Интизор меравад, қабл аз рафтанаш ба дидори раисҷумҳури Русия М. Аббос дар шаҳри Грозний бо раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамзан Қодиров мулоқот кунад.

М. Аббосро дар фурӯдгоҳ Р. Қодиров пешвоз гирифт ва аз ӯ ба унвони як “мусалмони асил ва марди хуб” тавсиф кард. Маҳмуд Аббос, ба навбаи худ, ба хабарнигорон гуфт, ки вазъ дар Чеченистони ҷангзада беҳтар шудааст.Ӯ афзуд, миёни фаластиниҳову чеченҳо умумият зиёд аст ва ӯ мехоҳад бубинад, ки дар ин ҷумҳурӣ чӣ мегузарад.

Рамазон Қодиров, ки дар гузашта аз чирикиҳои чечениӣ пуштибонӣ мекард, вале сипас тарафдори Маскав шуд, дар авоили моҳи ҷорӣ бо М. Аббос дар Макка, дар ҷараёни адои маросими Ҳаҷҷ мулоқот карда буд.

Кремл, ки дар роҳи фурӯ нишондани оташи муқовимати чирикиҳои ҷудоиталаби чечен ба кумаки Рамзан Қодиров умед бастааст, аз ӯ дар ин роҳ бо сароҳат пуштибонӣ мекунад.

Феълан вазъ дар Чеченистон зоҳиран каме оромтар шудааст. Аммо бо ин вуҷуд задухӯрдҳои пароканда ва одамрабоӣ дар Чеченистон ҳамоно идома доранд. Дар ҳамин руз бар асари инфиҷори маводди мунфаҷира, ки чирикиҳо дар як сохтмон гузошта буданд, як афсари пулис ва як ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштанд.

Интизор меравад, Маҳмуд Аббос дар масҷиди ҷадиди Грозний, ки бузургтарин масҷид дар тамоми қорраи Аврупо маҳсуб мешавад, дар баробари намозгузрон суханронӣ кунад. Мулоқоти ӯ бо Р. Қодиров дар пайи дидор аз ин масҷид доир хоҳад шуд.

Шоми ин рӯз Маҳмуд Аббос аз Грозний роҳии Маскав шуд.

Вай дар авоили ҳафтаи гузашта ба хотири ширкат дар музокироти сулҳи Ховари Миёна ба Вошингтон низ сафар карда буд.

Русия ҳамроҳ бо ИМА, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо узви чаҳоргонаи дипломатии сулҳи Ховари Миёна буда, роҳи равобити наздик бо фаластиниҳо, аз ҷумла бо рақиби сиёсии ҳаракати «Фатҳ»-и Маҳмуд Аббос гурӯҳи тундрави «Ҳамос»-ро, ки ҷомиъаи байнулмилалӣ онро дар инзивои сиёсӣ қарор додааст, таъқиб мекунад.

Охирин анҷумани сулҳи Ховари Миёна бо пуштибонии Амрико дар моҳи ноябри соли гузашта дар Аннаполиси ИМА баргузор шуд, вале ҳадафи асосии ин анҷуман, яъне расидан ба сулҳ байни фаластиниҳо ва Исроил то поёни соли 2008, бароварда нашуд. Акнун Русия пешниҳод кардааст, ки анҷумани навбатии сулҳи Ховари Миёнаро дар баҳори соли оянда дар Маскав баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG