Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди Амрико ба афзоиши нирӯҳояш дар Афғонистон


Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен гуфт, Амрико қасд дорад то тобистони оянда ба Афғонистон аз 20 000 то 30 000 сарбози изофӣ бифиристад. Адмирал Муллен, ки дар ҷараёни дидораш аз Кобул сӯҳбат мекард, танҳо мавзӯъи замони ирсоли нирӯҳо боқӣ монда, ки бояд ҳаллу фасл шавад. Мақомоти Амрико қаблан мегуфтанд, ки теъдоди нирӯҳои ин кишвар дар Афғонистон то 20 000 нафари дигар хоҳад афзуд. Амрико феълан дар он кишвар ҳудуди 31 000 сарбоз дорад, ки ҳамроҳ бо нирӯҳои дигари хориҷӣ ва маҳаллӣ машғули набард ба хотири фурӯ нишондани муқовимати ҷангиёни толибанд. Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама гуфтааст, ки маъмурияти ӯ рӯи Афғонистон сахт тамаркуз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG