Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама як моҳ қабл аз расми адои савгандаш ҳайъати тими иқтисодии давлати ояндаи худро такмил кард. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки самараи фаъолияти ин тим на дар зарфи чанд моҳи оянда, балки баъди чанд сол шояд маълум шавад. Обама гуфт, ибтидо вазъ боз ҳам бадтар хоҳад шуд, то баъдан рӯ ба беҳӣ биорад. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден, дар ҳамин ҳол, изҳори итминон кардааст, ки барномаи навбатии 700-миллиарддолларии кӯмак иқтисоди Амрикоро аз вартаи нобудӣ берун хоҳад овард.