Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии даври раёсатҷумҳурӣ дар Озарбойҷон


Дар Озарбойҷон талош мешавад, заминаҳои ҳукмронии дарозмуддати президенти феълӣ Илҳом Алимев омода гардад. Имрӯз аъзои порлумони Озарбойҷон бо 94 раъйи мувофиқ ва 4 мухолиф аз додгоҳи қонуни асосии ин кишвар дархост карданд, қонунмандии як назархоҳии умумиро дар бобати ҳуқуқ ба давраҳои бештари раёсатҷумҳурӣ таъин намояд. Қарор аст, додгоҳ дар 15 рӯзи оянда назари худро баён дорад. Ин дар ҳолест, ки аз бозинтихоби Алиев акнун ду моҳ мегузарад. Аҳзоби пешсафи мухолиф интихоботро бойкоткарда буданд ва нозирон онро озоду одилона нашумурданд. Алиев дар соли 2003 дар ҳоле ба қудрат расид, ки падараш Ҳайдар Алиев 30 бар Озарбойҷон ҳоким буд.
XS
SM
MD
LG