Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими норавшани Узбакистон


Набуди ин парчам дар ҳамоиши Акмола чи гуна эҳсос мешавад?
Набуди ин парчам дар ҳамоиши Акмола чи гуна эҳсос мешавад?

Узбакистон дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони паймони амнияти ҷамъии кишварҳои ҳамсуд ширкат намекунад.

Ин ҳамоиш имрӯз дар Қазоқистон ба кор шурӯъ кард.

Мақомоти аршади низомии Русия гуфтаанд, ки иқдоми Узбакистон имкони дубора хориҷ шудани ин ҷумҳурӣ аз узвият дар ин созмонро дорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мақомоти низомӣ ва дипломотии Русия, қарор буд порлумони Узбакистон то охири соли ҷорӣ соири қарордодҳои имзошуда дар ин созмонро тасвиб мекард, вале Узбакистон то ба ҳол ин таъаҳҳудро иҷро накардааст.

Далели дигари имкони дубора канор рафтани Узбакистон аз ин созмон ин аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар гуфтугӯ бо ҳамтои русиаш Дмитрий Мидведев дар Санкт-Петербург изҳор намуд, ки ҳадафҳои Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва Созмони Авросиёӣ ба ҳам яксон аст ва пешниҳод кард, ки дар асоси ин ду созмон як созмони қавӣ ташкил шавад.

Соҳибназарон бар инанд, ки Русия пешниҳоди Ислом Каримовро ҷидди напазируфт. Ба эътиқоди Константин Затулин, раиси институти кишварҳои мустақили муштаркулманофеъ дар Маскав, Ислом Каримов, ки аз чанд сол ба ин сӯ бар асоси мухолифат ва манофеъи Русия ва Амрико дар минтақа бозиҳои сиёсии худро мебарад, имкон дорад аз Русия ранҷидааст ва дубора ба ғарб рӯ оварданист.

Абдулғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, дар мавзӯъи эҳтимоли ранҷиши Узбакистон дар ин авохир аз Русия мегӯяд, ки сиёсати хориҷии ҳар як давлат тавъам ба сиёсати дохилӣ ва афкори ҷомиъаи он кишвар аст. Вай меафзояд: «Дар ҳоли ҳозир Амир Темур, як тан аз давлатмардони таърихии ва обрӯманди ҷомиъаи узбак аст. Амир Темур дар гузашта ба ҳеч иттиҳод эътимод надошт ва дар талоши давлати худкома ва пештоз дар минтақа буд. Ислом Каримов аз ҳамин сиёсат кор мегирад ва далели ранҷиши Узбакистон аз Русия ин аст, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев сафари авали худро ба Қазоқистон анҷом дод, на ба Узбакистон, ва ин ба иззати нафси Ислом Каримов расид. Яъне Русия Қазоқистонро кишвари пештоз дар минтақа мехонад».

Ба эътиқоди оқои Мамадазимов, пас аз он, ки Иттиҳодияи Аврупо, тавони Узбакистонро эътироф карда, равобит бо онро дастгирӣ кард, бе шакк Ислом Каримов ба Ғарб рӯ оварданист.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Николай Макаров, раиси ситоди кулли нерӯҳои низомии Русия гуфт, ки бино ба иттиллоъе, ки вай дар даст дорад, Амрико тасмим гирифтааст дар Қазоқистон ва Узбакистон пойгоҳҳои низомии худро мустақар кунад. Ин сару садоҳо дар замоне баланд шуд, ки Роберт Симмонс, намояндаи вижаи дабири кулли NATO дар умури Қафқоз ва Осиёи Миёна дар як нишасти матбуъотӣ дар Маскав гуфт, ки ин созмон аз омодагии мақомоти Узбакистон дар баҳрабардории NATO аз пойгоҳи низомии «Хонобод» истиқбол кардааст.

Мақомоти Узбакистон ин иддаъоҳоро рад карданд. Аз сӯи дигар, Амрико низ гуфтааст, ки дар пайи истиқрори пойгоҳҳои низомии худ дар Қазоқистон ва Узбакистон талош надорад.

Музафар Олимов, раиси пажӯҳишгоҳи «Шарқ» (Душанбе) бар ин аст, ки ин сару садоҳо ба наъфи Русия аст, ки намехоҳад Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа аз хиттаи сиёсати ин кишвар раҳо шаванд. Оқои Олимов меафзояд: «Русия мавзӯъи равобиташ бо Тоҷикистон ва Узбакистонро чун омили фишор ба ин ду кишвар истифода мекунад ва бо эҷоди сардӣ дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон онҳоро ба хубӣ контрол мекунад».

Ба назари раиси пажӯҳишгоҳи «Шарқ», мақомоти ин ду ҷумҳуриро, ба хусус Тоҷикистонро, зарур аст андеша кунанд ва аз ин бозиҳои сиёсии Русия дарс бигиранд. Ин дар ҳолест, ки, шарҳ медиҳад ӯ, Узбакистон дар соли 1998 ба далели норизояташ аз ташкили пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Арманистон, ҳамчунин бидуни ҳал боқӣ мондани масъалаи Қарабоғи кӯҳӣ, ки гӯиё Русия бештар ба Арманистон майл дорад, узвияти худ дар Созмони паймони амнияти ҷамъии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро қатъ кард.

Дар соли 2006, пас аз ҳаводиси Андиҷон, ки ҷуз Русия ҳеч кишвари дигаре аз иқдоми И. Каримов дар саркӯбсозии эътирози мардум пуштибонӣ накард, саравал Каримов, бино ба хости Русия, аз мақомоти Амрико тақозо кард, то низомиёни ин кишвар пойгоҳи низомии «Хонобод»-ро тарк кунанд. Пас аз ин И. Каримов дар моҳи декабри соли 2006 фармонеро дар бораи барқарории узвияти Узбакистон дар Созмони паймони ҷамъии кишварҳои ҳамсуд имзо кард. Ба эътиқоди коршиносони Русия, имкон дорад президенти Узбакистон дар оянда ба хотири наздикшавии дубора ба Ғарб аз узвият дар ин созмон канор равад. Вале Булат Сенбинов, муовини вазири дифоъи Қазоқистон, ин иддаъоҳоро ба ин далел, ки, ба гуфтаи вай, мақомоти расмии Узбакистон дар ин бора изҳори назар накардаанд, беасос медонад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вай, соири ҷангафзорҳои артиши Узбакистон сохти Русия ҳастанд ва Узбакистон дар чаҳорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ метавонад мудернтарин ҷангафзорҳои русисохтро бо қимати нозир бихарад ва ба ин далел имкон дорад Узбакистон узвияти худ дар ин созмонро қатъ накунад.
XS
SM
MD
LG