Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаҳо дар муқобили мухолифин


Додситонии кулли Қирғизистон дар муқобили Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазири хориҷаи ин кишвар ва Равшанбек Ҷиянбеков, раиси собиқи кумитаи амволи давлатӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти Додситонии кулл дар ин маврид иттилоъ дод, ки Аликбек Ҷекшенқулов дар мақоми вазири хориҷа амволи давлатиро тороҷ кардааст ва ба хазинаи кишвар дасти кам ду миллион доллари амрикоӣ зарар ворид намудааст.

Аликбек Ҷекшенқулов, раҳбари ҷунбиши мардумии «Барои адолат», феълан, бо як гурӯҳ намояндагони мухолифин дар ИМА ба сар мебарад ва иттиҳомоти Додситонии кулли кишварашро қотеъона рад мекунад. Ба таъкиди Аликбек Ҷекшенқулов, зеро ҳаргиз қонунро вайрон накардааст ва амволи давлатро ба тороҷ набурдааст.

Дар ҳамин ҳол, тахмин мешавад, ки вай аз сафари ИМ ба Қирғизистон нияти баргаштан надорад. Мегӯянд, таҳдидҳои ҳукумат дар муқобили Аликбек Ҷекшунқулов ва ахиран ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз тарафи додситонии кулл боиси он хоҳанд шуд, ки раҳбари ҷунбиши мардумии «Барои адолат» аз баргаштан ба Ватан даст кашад. Аммо худи Ҷекшенқулов дар ин маврид ягон изҳорот пахш накардааст.

Омурбек Тикебоев, раҳбари ҳизби сиёсии «Ате мекен», ки дар ин сафари Амрико бо Аликбек Ҷекшенқулов ҳамроҳ аст, таи як сӯҳбати телефонӣ бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар муқобили Аликбек Ҷекшенқулов ҷанбаи сиёсӣ дорад. Раиси ҳизби «Ате мекен» гуфт, ҳамаи ин талошҳои ҳукумат фақат барои тарсонидани намояндагони мухолифин нигаронида шудааст. Мавсуф афзуд, ҳукумат бо ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ чеҳраи ҳақиқии худро нишон медиҳад ва собит кардан мехоҳад, ки аз ҳар гуна афкори иҷтимоъӣ сарфи назар хоҳад кард.

Равшанбек Ҷиянбеков, собиқ раиси кумитаи амволи давлатӣ ва собиқ сафири Қирғизистон дар Малайзиё, ки баъди тазоҳуроти давомдори мухолифин дар моҳи апрели соли 2007 ба сафи онҳо пайваст ва дар ҳамин ҳол дар ИМА ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ба ҳамаи намояндагони мухолифин парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад кард, ҳамаи онҳоро ба зиндон нахоҳад кашид ва ба тирборон кардани ҳамаи онҳо қодир нахоҳад буд. Вай гуфт, мавҷи норизоиҳо дар кишвараш афзудааст ва ҳукумат талош ба харҷ додааст, ки теъдоди ҳарчӣ беши намояндагони мухолифин кишварро тарк кунанд ва ин ҳукумат мардуми оддиро таҳти назорати худ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG