Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18-уми декабр Рузи Ҷаҳонии Муҳоҷирон аст


18-уми декабр Рузи Ҷаҳонии Муҳоҷирон аст. Бино ба маълумоти СММ ҳоло шумораи муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон тақрибан ба 200 милиён нафар мерасад. Бино ба маълумоти тақрибӣ як милиён нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ дар хориҷ кор мекунанд. Саҳми муҳоҷирони корӣ дар рушди иқтисоди кишварҳояшон хеле бузург аст. Бо назардошти мушкилоти муҳоҷирати кории Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИ Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки барои кор бо муҳоҷирон бояд дар Тоҷикистон ниҳоди давлатие ташкил шавад. Дар Қирғизистон кумитаи кор бо муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад. Маблағҳои ворида аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар соли 2007 45 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил додаанд. Дар Қирғизистон ин нишондод беш аз 18 дарсад аст.

XS
SM
MD
LG