Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири собиқи Косово муттаҳам дониста шуд


Додгоҳи ҷурму ҷиноёти вобаста ба СММ Астрит Ҳарақия- вазири собиқи фарҳанги Косоворо 5 моҳ маҳкум ба зиндон кард. Вай барои таҳдид ва тарсонидани як шоҳиди парвандаи нахуствазири собиқи Косово муттаҳам дониста шуд. Баҷруш Морина дусти вазири собиқи фарҳанг низ барои таҳдид ба шоҳид се моҳ маҳкум ба зиндон шудааст. Рамуш Ҳарадинаҷ-нахуствазири собиқи Косово, ки барои куштор, таҷовуз ба номус ва шиканҷаи албанитаборони Косово дар ҷангҳои соли 1999 муттаҳам дониста мешуд, моҳи апрели соли ҷорӣ бегуноҳ эълон шуд ва ин иттиҳомот дуруғӣ баромад. Шоҳидон зери фишору таҳдид бар зидди вай шаҳодати дуруғ додаанд.

XS
SM
MD
LG