Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили хабанигори кафшандози ироқӣ ба ҳарбиёни Ироқ


Як намояндаи ҳукумати Ироқ мегӯяд, хабарнигоре, ки кафшҳои худро ба сӯи президенти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дод, ба дасти фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ супурда шуд. Ин манбаъ мегӯяд, хадамоти амнияти сарвазири Ироқ Мунтазир Ал-Зайдиро барои таҳқиқи ҳодиса ба мақомоти ҳарбӣ таҳвил дод. Ин манбаъ аз ифшои номаш худдорӣ кард, зеро салоҳияти додани чунин иттилоъ ба хабагузориҳоро надоштааст. Зайдӣ барои партоби кафшҳояш ба сӯи президент Буш дар аснои нишасти хабарӣ боздошт гардид. Вай метавонад ба тавҳини раҳбари хориҷӣ ва сарвазири Ироқ, ки дар нишасти хабарӣ паҳлуи Буш истода буд, айбдор шавад.
XS
SM
MD
LG