Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Туркманистон кай эълон мешавад?


Кумиссиюни интихоботи Туркманистон гуфт, натоиҷи интихоботи рӯзи якшанбеи парлумониро то чанд рӯзи дигар эълон хоҳад кард. Раҳбари ин ниҳод Мурод Қориев гуфт, натоиҷи ниҳоӣ то 2 ё 3 рӯзи дигар нашр хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, дар раъйгирии рӯзи якшанбе 94 дарсад аз тақрибан 2,5 миллион мардуми воҷиди шароити раъйи Туркманистон ширкат варзидаанд. Барои 125 курсии Маҷлиси ҷадид 288 номзад вориди мубориза шуда буд, ки ҳамагӣ аз сиёсати раисиҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пуштибонӣ мекунанд. Нозирони хориҷӣ, ки асосан аз Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ буданд, интихоботи Туркманистонро озод номидаанд. Аммо хабарнигорони ғарбӣ ба кишвар роҳ дода нашуданд, то ҷараёни интихоботро пайгирӣ кунанд. Мунаққидон мегӯянд, раъйгирии дирӯза чандон баёнгари ба сӯи демократия раҳ паймудани Ишқобод набудааст.
XS
SM
MD
LG